Ҳайкали Алобойро аз тилло сохтанд

Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон бо иштироки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов маросими пардабардорӣ аз ҳайкали тиллоии саги навъи алобой (саги чӯпонӣ, ё овчаркаи Осиёи Миёна) доир шуд.

Баландии муҷассамаи саг 15 метрро ташкил дода, баландии худи ҳайкали саг 6 метр буда, он дар постаменти баландиаш 9 метр гузошта шудааст. Ин муҷассама дар як майдони паҳнояш 36 метр қомат афрохтааст.

Ҳайкалро бо ташаббуси президенти Туркманистон сохтаанд. Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки ин муҷассама «аломати арҷгузорӣ ба ҷасорати бемисл ва дили кушоди ин навъи ҳайвони наҷиб буда, нақши онҳо дар таърихи миллат ва ҷойгоҳашон дар зиндагии мардумро таъкид мекунад.»

Саги алабой яке аз қадимтарин анвои ҳайвоноти ба инсон ромшуда дар дунё шумруда шуда, дар баробари аспи Ахалтекин яке аз рамзҳо ва сарватҳои милии Туркманистон эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *