Хабарнигори Радиои Озодиро куштанд

Хабарнигори Радиои Озодӣ Илёс Дойӣ,дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар натиҷаи таркиши бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ дар мошинаш кушта шуд. Фоҷиа субҳи рӯзи 12-уми ноябр сурат гирифт ва дафтари президент  онро ҳамла ба озодии баён дар ҳамсоякишвари ҷангзадаи Тоҷикистон номид.

Умар Жвок, сухангӯи раиси вилояти Ҳилманд гуфт, дар мошини Илёс Дойӣ, ки дар шаҳри Лашкаргоҳ маркази вилоят ҳаракат мекард, бомби миқнотисӣ насб кардаанд. Дар натиҷа, бародари Дойӣ, як марду кӯдаки дигаре ҷароҳат бардоштаанд. Ҳеҷ кас, ё гуруҳе масъулияти бомбгузориро бар уҳда нагирифтааст. Илёс Дойӣ 33 сола буд  ва як духтар дошт. Ӯ хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ буд, ки дар Афғонистон бо номи Радиои Афғонистон Озод маъруф аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *