Ҳакимзода аз кори ноҳияи Рӯдакӣ норозист

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода фаъолияти чанд ноҳияи тобеи марказро, ки дар онҳо захираҳои замин ғайриоқилона истифода мешаванд, интиқод кард.

Вазири кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки “мутаассифона, бо сабаби самаранок истифода нашудани захираҳои мавҷудаи замин, дар бисёре аз ноҳияҳо имконоти мавҷудаи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда намешаванд. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ нишондиҳандаҳои нақша аз рӯйи кишти ҳеҷ яке аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка иҷро нашуданд. Дар таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат нақши зиёд доранд”.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ҳамаи заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ зироати ғалладона ва хӯрока кишт шуда, пас аз ҷамъоварии ҳосили онҳо, зиёда аз 7 ҳазор гектар заминро такроран истифода бурдан мумкин аст. Аммо дар ноҳияи Рӯдакӣ бо баҳонаи камобӣ ва обуҳавои номусоид, танҳо ба як ҳосил қаноат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *