Кӯлоб: об қарздоронро меҷўяд

Нуралӣ Муъминов, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб зикр кард, ки рафти таъмини оби полезӣ муътадил аст, вале рўзноманигорон изҳор доштанд, ки дар Фархору Восеъ махсусан фермерҳои пахтакор аз об душворӣ доранд. Ниҳолҳо кукарезу шонарез шуда истодаанд.

Сипас сухан сари қарздориҳои истифодабарандагони об тоб хӯрд. Дар қатори қарздорони лумб-лумб ноҳияҳои Фархору Кўлоб қарор доранд. Чунончи, фархориҳо 10 ва кўлобиҳо қариб 1 миллион сомонӣ қарзро пардорхт карданӣ нестанд.

Кормандони Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кўлоб аз он изҳори ташвиш карданд, ки барои рӯёнидани маблағҳои қарзӣ бисёр фермаҳоро ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон доданд, ҳалномаҳо мебароянд, вале иҷрочиёни Хадамоти иҷро маблағҳои фоизашонро гирифта, ғайб мезананд. Яъне иҷрои бечунучарои ҳалномаҳоро таъмин намекунанд.

Нурулло ҲАСАНОВ,рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *