Ҳалли баҳси марзӣ ба манфиати кист?

Охири моҳи ноябр Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишнома оид ба мушаххаскунии хати марзи ду кишварро ба тасвиб расониданд. Тасвиби ин созишнома дар Қирғизистон гирдиҳамоиву ҳабсҳоро ба дунбол дошт, ҳол он ки, дар Ӯзбекистон онро ором қабул карданд.

Ба ҳар сурат, мушкили марз миёни Қирғизистону Ӯзбекистон ҳал шуд, зеро ҳарду кишвар созишномаро ба тасвиб расониданд ва президентҳои кишварҳо низ онро имзо карданд.

Акнун, 9-уми декабри соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон сафар мекунад. Аз 10-уми декабр сафари давлатии роҳбари Ӯзбекистон дар Бишкек оғоз шуда, ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст. Гуфта мешавад, ки муҳимтарин ҳаводиси ин сафар табодули созишномаҳои батасвибрасида миёни ду кишвар дар масоили сарҳадӣ мебошад.

Дар робита ба имзои созишномаи мушаххаскунандаи сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон ва сафари Шавкат Мирзиёев ба Бишкек коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дар телеграм-канали худ андешаҳояшро нигоштааст, ки онро нашр мекунем.

Ба мувофиқа расидани Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мушаххаскунии хати сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар сабақҳои муайянро барои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус барои Тоҷикистон меофарад. Ин таҷрибаро аз диди 4 рӯйкард арзёбӣ намудан мумкин аст:

Рӯйкарди ормонгароёна: Ӯзбекистон ва Қирғизистон мушкилтарин масоили байниҳамдигариро ҳаллу фасл намуданд ва дигар мавзӯи хати сарҳад ба муҳтавои равобити онҳо таъсир намерасонад. Ин саҳифаи таърих шуд ва дар оянда муносибатҳо хеле беҳтар мешаванд.

Рӯйкарди воқеӣ: масъалаи марз миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон мавзӯи ҳассос буд ва роҳи ҳалли худро ёфт. Ду кишвар дар натиҷаи эътирофи манфиатҳои тарафайн ва омода будан барои гузашт ин масъаларо ҳал карданд. Новобаста аз ин, дар оянда боз масъалаҳо миёни ин кишварҳо пайдо мешаванд, чун барои ҳар давлат манфиатҳои миллӣ асли равобит аст.

Рӯйкарди тавсеаталабона: ҳалли масъалаи марзӣ бо ҳамсояҳо барои Ӯзбекистон пеш аз ҳама муҳим буд, чун барои роҳандозии сиёсати фаъоли минтақавии ин кишвар заминаҳои мувофиқро ба вуҷуд оварда, дар миёнамуҳлат вобастагии муайяни Бишкекро аз Тошканд ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, аз диди тавонмандиҳои иқтисодию сиёсӣ бештар ба нафъи Ӯзбекистон аст. Дар умум, дидгоҳи мазкур шарҳу тавзеҳи зиёди касбиро дар ояндабинии равобити давлатҳои Осиёи Марказӣ байни ҳамдигар (i) ва бо қудратҳои беруна (ii) талаб мекунад.

Рӯйкарди роҳбурдӣ: барои ду кишвар ҳалли масъалаи марзӣ ниҳоят муҳим аст, чун эҳтимоли таъсири хатарҳои мустақим (i), ғайримустақим (ii) ва тасодуфӣ (iii)-ро ба рӯзнома ва муҳтавои равобити байнидавлатӣ коҳиш медиҳад. Ин рӯйкард то ҷое авлавияти сиёсати минтақавии ду кишварро ба намоиш мегузорад. Пешбинӣ мешавад, ки ин ҳолат ба моҳияти муносибатҳои дуҷониба (i), ҳамкориҳо дар сатҳи Осиёи Марказӣ (ii) ва мавқеъгирии минтақа дар равобит бо қудратҳои беруна (iii) таъсир мерасонад.

P.S. Тафсири боло ниҳоят содда оварда шуда, арзёбии масъалаҳои ҳассос ва мубрами эҳтимолӣ сарфи назар шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *