Пешниҳод: Дар Душанбе ҳайкали Мулло Нуров гузошта шавад!

Иттиҳодияи “Душанбеи мо” бо нашри муроҷиатнома аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дархост кардааст, ки барои пос доштани хотироти капитани милитсия Мулло Нуров муҷассамаи ӯ дар Душанбе гузошта шавад.

Ин муроҷиатнома дар Платформаи ҷаҳонии Change.org нашр гардидааст. Манбаъ навиштааст, мо, иттиҳодияи мо, сокинони Душанбе ва бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳиш мекунем, ки барои абадӣ гардонидани хотираи милисаи бузург — Мулло Нуров дар Душанбе пайкараи ёдгории ӯ гузошта шавад.

“Қомат афрохтани пайкараи Мулло Нуров дар шаҳри Душанбе (масалан, дар кӯчаи Турсунзода) рамзи поквиҷдонӣ ва фасоднопазирии тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гардида, барои насли наврас аз таърих ва корномаҳои бузургони мо ёдовар хоҳад шуд”,- омадааст дар муроҷиатнома.

Дар саҳифаи иҷтимоии ин иттиҳодия иқдоми мазкурро шаҳрвандони зиёд ҷонибдорӣ кардаанд ва дар зери он имзо гузоштаанд.

Нозири роҳ Мулло Нуров на танҳо бо мӯйлабҳои дарозаш, балки бо поквиҷдониаш дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Ӯро рамзи Душанбеи солҳои 70 ва 80 медонанд.

Дар бораи Мулло Нуров қиссаҳои зиёде вирди забонҳо аст. Ӯ мансабдорони вақти кишварро бо гуноҳи мастиву қоидашиканӣ борҳо ҷарима кардааст. Ӯ ҳатто ҳамсари худро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима баста буд. Мулло Нуров шаби 2 ба 3-юми декабри соли 1992 ҳангоми адои вазифа кушта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *