Тақвими рӯз: Аз мавлуди Ҳанифа Музаффарова то созишномаи пошхӯрии СССР

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Ҳанифа МУЗАФФАРОВА (1932), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика ва математика.

Мавҷуда ЮЛДОШОВА (1952), 70-солагии зодрӯзи фарҳангшинос, доктори илми педагогӣ.

Мамнуна МУҲАММАДҶОНОВА (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика ва математика.

Бегиҷон АМОНОВ (1967), 55-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Аз таърихи ҷаҳон:

— 8-уми декабр Рӯзи байналмилалии рассомон аст, ки соли 2007 аз ҷониби Анҷумани байналмилалии «Санъати халқҳои ҷаҳон» таъсис дода шудааст.

— Соли 1991 дар Беловежская Пушча созишнома дар бораи пошхӯрии СССР ва таъсиси ИДМ ба имзо расид. Президентҳои Русия (Борис Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартномаи таъсиси ИДМ-ро эълон карданд. Ин ҳуҷҷат дар таърих бо номи «Созишномаи Беловежская» маълум буда, дар муқаддимаи он гуфта мешуд, ки «Иттифоқи ИҶШС ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ва воқеияти геополитикӣ мавҷудияти худро қатъ мекунад» ва дар моддаи 1 чунин гуфта мешавад: «Тарафҳои олии аҳдкунанда иттиҳоди давлатҳои мустақилро ташкил медиҳанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *