Ҳалокати 30 нафар бар асари ҳодисаи нохуш дар Тоҷикистон
Дар корхонаву объектҳои зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта 48 ҳодисаи нохуш рух додааст. Дар натиҷа 30 нафар ҳалок ва 26 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин омор 28 январ дар нишасти матбуотии Хадамоти мазкур садо дод.
Гуфта шуд, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ, надоштани мутахассисони соҳавӣ аст.
Ба 56 зарардида, аз ҷумла 30 нафар фавтида кумакпулии яквақтаина, инчунин кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблағи 8862156 сомонӣ расонида шудааст.
Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 340 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Маблағи умумии ҷарима 1 613 536 сомонӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ