Ҳалокати чор нафар дар пайи офати табии рӯзҳои охир
КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи боронҳои пайи ҳами рӯзҳои охир ва балад гардидани маҷрои дарёҳо дасти кам ҷони 4 нафарро аз байн бурд.
Бино ба иттилои манбаъ ду сокини 55 ва 65-солаи ноҳияи Хуросон қурбони сели ахир шуданд. КҲФ меггӯяд, «марди баркамоли 65-сола мехост дар телефони дастӣ селро наворбардорӣ кунад. Аммо аз ибтидо барои ин кор омодагӣ надошт, амнияти худро фикр накард ва пояш лағжиду ба умқи беш аз 20 метр фурӯ рафт».
Рӯзи 16 май сокини 22-солаи шаҳраки Ғарм худро аз боли пули мавқеи Сари Пул ба дарёи Сурхоб андохта худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯро баъди як рз 30 км пойинтар дар ҳудуди ноҳияи Нуробод пайдо карданд.
Рӯзи 15 май як сокини 13-солат ҷамоати Шоҳтемури шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин кӯдак то ҳол натиҷа надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ