Шӯрои уламо: Имсол намози ид нест, идгардак ҳам намешавад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имсол намози Иди Фитр баргузор намешавад.

Масъулони Шӯрои уламо дар мавриди пешниҳоди  бархе аз сокинон, ки намози имсолаи идро онлайн ва ба воситаи телевизионҳо хонанд,  гуфтанд, ки  «ин ба талаботи мазҳаби Имоми Аъзам рост намеояд».

«Шарти ин гуна намозҳо ҷамоат аст ва ба ҳам омадани мусалмонҳост. Чизе, ки дар намози онлайн дида намешавад», мегӯянд масъулини ин ниҳоди содиркунандаи фатво. ​

Аз Кумитаи дини Тоҷикистон низ мегӯянд, тасмими баргузор накардани намози дастҷамъонаи ид дар охири моҳи Рамазон ба густариши  бемории сироятии коронавирус рабт дорад. Дар  асоси қарори Шӯрои уламо, ки дар оғози моҳи Рамазон қабул шудааст, намозҳои ҷамоат, таровеҳ, ифтор ва идгардак манъ аст. Интизор меравад, ки  20-уми май санаи дақиқи Иди Фитр дар Тоҷикстон о эълон шавад.

Ҳоло тибқи итилои Вазорати тандуруст,  то 17-уми май бемории COVID-19 ба беш аз 1500  сокини Тоҷикистон сироят кардааст. Ин вабо ҷони 39 нафарро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *