Ҷомӣ ва Навоӣ. Хотирае, ки пас аз 47 сол бедор шуд (идомаи мақола)
Ёде аз дарози аблаҳу калтаи фитна
Рӯзи дигар, барои гирифтани иҷозати сафар ба Ҳирот назди сармушовири гурӯҳи геологҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон Евгений Михайлович Охремюк рафтам. Медонистам, ки сафари деринтизорам ба Ҳирот аз ӯ сахт вобаста аст.
Охремюк дар ошёнаи дуюми бинои чаҳорошёнаи Микрорайони Кобул, даҳлези дуюм зиндагӣ мекард. Марди қоматбаланд, лоғар, серҳаракат ва ниҳоят ҷиддӣ буд. Аз ҷумлаи одамоне буд, ки вақт аз дунболашон медавад. Кам механдид, вале вақте табассум мекард, чеҳраи ҷиддиаш якбора мешукуфт. Ба тоҷикон эҳтироми хоса дошт. Шояд сарчашмаи чунин муносибат Абдурашиди Хуҷандӣ буд, ки масъулияти сартарҷумониро дар ширкат ба дӯш дошт. Марди донишманд, соҳибмаърифат, хушмуомила ва донандаи хуби фарҳанги мардуми Афғонистон ва забонҳои русию дарӣ буд. Ба гумонам, ҳамон солҳо ба таҳияи луғати истилоҳоти геологии русӣ-дарӣ низ машғул буд. Шояд барои ҳамин Охремюк ба ӯ на ҳамчун тарҷумон, балки чун мушовири боэътимод муносибат мекард.
Абдурашид ҳатто аз шӯхӣ кардан ҳам худдорӣ намекард. Аммо ин шӯхиҳо ба маврид ва фозилона буданд, на бемавриду аблаҳона.
Ҳангоми ба назди ӯ рафтан, намедонам чаро, як воқеаи хандаовари чанде қабл рӯйдода ба хотирам омад. Он рӯз дастаҷамъона дар «Гӯшаи сурх» – ҳуҷраи маърифатие, ки барои ҷамъомаду тамошои барномаҳои телевизионӣ пешбинӣ шуда буд, нишаста будем. Аз тариқи телевизион мулоқоти роҳбари Афғонистон Бабрак Кормал бо роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Брежневро намоиш медоданд.
Он замон, дар баробари рӯзномаҳо, телевизион як сарчашмаи иттилоот ва таъсиррасонӣ ба мардум буд. Хусусан дар Афғонистон, ки мардум ташнаи шунидани хабари тозаи муносибат миёни Кобулу Маскав буданд.
Дар экран ду роҳбар паҳлуи ҳам қарор доштанд. Брежнев марди қоматбаланду тануманд буд, Бабрак Кормал бошад, дар муқоиса бо ӯ кӯтоҳқомат менамуд. Ин тафовут беихтиёр масали машҳури мардумиро ба хотир меовард: «Дароз аҳмақу калта фитна».
Намоиши телевизионӣ анҷом ёфт. Охремюк, ки мулоқотро бо диққат тамошо мекард, сар бардошта гуфт:
– Бабрак Кормал сиёсатмадори бузург, марди донишманд.
Ҳамин лаҳза Абдурашиди Хуҷандӣ, ки марди кӯтоҳқад буд, забон ба базлагӯӣ кушод. Бо табассуми маънидор, гӯё хулосаи як баҳси ҷиддии сиёсиро эълон мекарда бошад, гуфт:
– Қади паст нишони бузургист!
Ханда дар ҳуҷра баланд шуд. Шӯхӣ он қадар ногаҳонӣ ва бамаврид буд, ки ҳатто Охремюки камгап аз ханда худдорӣ карда натавонист. Вай Абдурашидро, ки қадаш базӯр ба китфи ӯ мерасид, бо лутф ба канор кашид. Ман бо дидани ин манзара боз хандидам.
Абдурашид бо як ҷумла ҳам зикри ифтихор аз қади пасти худ кард ва ҳам фазои расмии ҷамъомадро ба маҳфили дӯстона табдил дод. Баъзан як шӯхии бамаврид кореро мекунад, ки сухани фозилону донишмандонро ба канор меандозад. Албатта даме ки сухан аз базлагӯӣ бо касони тасмимгир меравад, эътидолро риоя кард, ки он бар зиёни раъият анҷом наёбад.
Ҳикмати базлагӯӣ танҳо дар хандондани аҳли қудрат нест, балки дар он аст, ки як лаҳза хандаи ӯ ашки дигаронро ба бор наорад. Шояд ҳамин маҳорати муошират буд, ки Абдурашид тавонист дар дили Охремюк ҷойгоҳи хоса пайдо кунад.
Ин хотира ҳангоми аз зинаҳои бино боло рафтан ба ёдам омад ва андаке изтиробамро кам кард. Ба худ гуфтам, ки марди шӯхии Абдурашидро мебардодошта, шояд хоҳиши маро ҳам рад накунад.
Вале шӯхӣ як гап, интизоми хизматӣ гапи дигар аст.
Ба назди Охремюк даромадам.
Ӯ пушти мизи корӣ саргарми мутолиаи ҳуҷҷатҳо нишаста, буд. Рӯйи миз коғазҳои зиёде мехобиданд. Чунон ба кор фурӯ рафта буд, ки агар пашша пар мезад, шунида мешуд. Вай баробари дидани ман сар бардошт ва бо ишора ба нишастан водор сохт. Сипас боз ба ҳуҷҷатҳо рӯй овард.
Ман нишастам. Чанд лаҳза сукут ҳукмфармо шуд.
Ниҳоят Охремюк коғазҳоро як тараф гузошту сар бардошта, ба ман нигарист:
– Хизмат?
Ман бе муқаддима асли мақсадро баён кардам. Аз суҳбати дирӯза бо Абдулаҳад Қаҳоров, Мирзо Бобоев ва Хушвахт Қӯйбоқаров ёдовар шудам. Гуфтам, ки онҳо ният доранд барои зиёрати қадамгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба Ҳирот сафар кунанд ва маро низ ба ҳамсафарӣ даъват намуданд.
Сипас хоҳиш кардам:
– Агар иҷозат диҳед, мехоҳам ду-се рӯз ҳамроҳи онҳо ба Ҳирот равам.
Охремюк лаҳзае хомӯш монд.
Ман аз нигоҳи ӯ чизеро фаҳмида наметавонистам. Дар он на нишони ризоят дида мешуд, на аломати норозигӣ.
Ӯ андаке ба андеша фурӯ рафт ва зери лаб такрор кард:
– Қаҳҳоров… Қаҳҳоров…
Гӯё аз миёни хотираҳояш номи ошноеро меҷуст.
Сипас ба ёд овард:
– Ман бо он кас дар яке аз ҷаласаҳои сафорат суҳбат доштам. Одами бисёр донишманд.
Ин суханро шунида, дар дилам чароғи умед фурӯзон шуд. Медонистам, ки Охремюк ҳар касро эътироф намекунад. Агар аз касе чунин ёд кунад, маънии қадр карданро дошт.
Баъд суханашро идома дод:
– Ҳамсафарӣ бо чунин шахс мояи ифтихор аст.
Ин ҷумла бароям аз ҳама гуна ҷавоби расмӣ хуштар садо дод. Аммо ҳанӯз калимаи «иҷозат» аз забонаш садо надода буд.
Охремюк андаке фикр карда, боз гуфт:
– Дар минтақаи Чишти Шарифи Ҳирот геологҳои мо таҳти роҳбарии Борис Сухарев кор мекунанд. Ту баъди анҷоми сафарат ба Ҳирот ба назди онҳо меравӣ, як моҳ дар он ҷо кор мекунӣ.
Ман аз шодӣ дар курта намеғунҷидам. Вале кӯшиш мекардам хушҳолии худро аз ҳад зиёд нишон надиҳам. Охремюк, ки одати изҳори эҳсосоти зиёдатиро надошт, шояд чунин рафторро намеписандид.
Аз ҷо бархоста, барои иҷозат ва бовариаш ташаккур гуфтам. Дарк кардам, ки номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бароям калиди дари баста шуд.
Ҳангоме ки аз ҳуҷра берун шудам, гӯё ҳамон даҳлезу зинаҳо дигар шуда буданд. Субҳ ба ин бино бо дили пур аз савол даромада будам, акнун бо ҷавоби дилхоҳ мебаромадам.
Он рӯз ба Мирзо Бобоев хабар додам, ки Охремюк иҷозат дод ва ман ҳамсафари онҳо хоҳам шуд.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ