Трамп: Баъди январ ба Эрон ҳамла мекунем…
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки дар сурати ноком шудани музокирот миёни Вашингтону Теҳрон эҳтимол дорад пас аз 1-уми январи соли 2027 алайҳи Эрон ҳамлаҳои нави низомӣ анҷом дода шаванд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии амрикоии «Фокс Нюс», Трамп рӯзи 22-юми ноябр аз раванди музокирот бо Эрон изҳори норозигӣ карда, намояндагони ҳайати музокиракунандаи ин кишварро «раққосони ҳирфаӣ» номидааст.
Президенти Амрико мақомоти Эронро ба кашол додани раванди музокирот муттаҳам карда, гуфтааст, ки Теҳрон пас аз интихоботи ИМА дар баробари Вашингтон мавқеи сахттареро пеш гирифтааст.
Трамп дар суҳбат бо Трей Йингст, хабарнигори «Фокс Нюс» таъкид кардааст, ки агар то поёни соли равон созише миёни ду кишвар ҳосил нашавад, ӯ ба азсаргирии ҳамлаҳои низомӣ алайҳи Эрон майл дорад.
Ба гуфтаи вай, музокироти ғайримустақим миёни Амрикову Эрон то ҳол натиҷаи дилхоҳи Вашингтонро надодааст. Ӯ ҷониби Эронро ба он муттаҳам кардааст, ки ба ҷойи расидан ба тавофуқ раванди гуфтугӯҳоро тӯл медиҳад.
Изҳороти нави президенти Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки талошҳои дипломатӣ барои рафъи ихтилофоти миёни ду кишвар идома доранд. Покистон низ аз идомаи талошҳои худ барои миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, масъалаи муҳосираи баҳрии Эрон, ки моҳи апрели соли равон ҷорӣ шуда буд, аз мавзуъҳои мавриди баҳс миёни ду кишвар боқӣ мемонад. Дар мусоҳиба аз Трамп дар бораи эҳтимоли муқовимати Эрон ба ин муҳосира низ пурсида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ