Вокуниши Тоҷикистон ба куштори Фирӯз Ҳусейнов дар Русия
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа аз куштори Фирӯз Ҳусейнов, шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия изҳори нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи ҳамаҷониба ва беғаразонаи ин ҳодиса шудааст.
Фирӯз Ҳусейнови 32-сола рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Салавот (Салават) дар Бошқирдистони Русия мавриди ҳамла қарор гирифта, дертар дар бемористон ҷон дод. Дар содир намудани ин ҷиноят як ноболиғи 15-сола гумонбар дониста мешавад. Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, рӯзи 26-уми ноябр бо нашри изҳороте гуфтааст, вобаста ба ин ҳодиса ба намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин шаҳр ва шуъбаи Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Салавот нотаҳои расмӣ ирсол намуда, оид ба рафти тафтишоти парванда маълумоти иловагӣ дархост кардааст.

Манбаъ мегӯяд, намояндагони консулгарӣ бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ дошта, бо пайвандони марҳум дар тамосанд.
“Консулгарии генералӣ ба зарурати гузаронидани тафтишоти ҳамаҷониба, воқеъбинона ва беғаразонаи ин ҳодиса, муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор таъкид менамояд. Ин ҳодиса то муайян шудани натиҷаҳои тафтишот таҳти назорати доимии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад»-омадааст дар изҳорот.
Ҷузъиёти куштори Фирӯз Ҳусейнов, шаҳрванди Тоҷикистон дар изҳороти Консулгарӣ зикр нашудааст.
Қаблан мақомоти Русия хабар дода буд, ки субҳи 15-уми ноябр дар як қаҳвахона дар хиёбони Космонавтҳои шаҳри Салавот наврас аз хусумати шахсӣ ба сар ва бадани марди 32-сола бо болға зарба зада, пас аз он фирор кардааст. Ба иттилои мақомоти ин кишвар, ҷабрдида бо осеби мағзи сар бо гузаштаи як ҳафта дар беморхонаи Уфа ба ҳалокат расидааст.
Назари хонаводаи марҳум Фирӯз Ҳусейнов ба ин ҳодиса то ҳол маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ