Пахтаи Тоҷикистон. Фоидаи асосӣ ба  куҷо меравад?

Ҳар сол ҳазорон хоҷагии деҳқонӣ барои рӯёнидани ҳосили пахта заҳмат мекашанд. Аммо суоли муҳим ин аст, ки оё заҳмати пахтакорон ба даромади муносиб табдил меёбад?  Тоҷикистон аз ин маҳсулоти стратегӣ то чӣ андоза манфиати иқтисодӣ ба даст меорад? Натиҷаҳои маъракаи пахтачинӣ дар соли 2026 нишон медиҳад, ки соҳа ҳам дастовард дорад ва ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст.

Кишт камтар, нақшаи ҷамъоварӣ иҷронашуда

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дурнамои ибтидоии кишти пахта дар соли 2026 зиёда аз 186 ҳазор гектарро ташкил медод. Аммо дар гузориши ин вазорат аз 15 сентябри соли равон масоҳати воқеии кишти пахта 164 ҳазору 849 гектар нишон дода шудааст.

Дурнамои ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ 394 ҳазору 700 тонна муайян гардида буд.  Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки байни нақшаи ибтидои кишт ва масоҳати воқеии кишт фарқият ба вуҷуд омадааст.

Масъалаи дигар иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ мебошад. Тибқи маълумоти  вазорати кишоварзӣ, то 23 ноябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 275 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба  72,6 фоизи дурнамо баробар аст.

Яъне, барои иҷрои пурраи нақша ҳанӯз ҷамъоварии тақрибан 119 ҳазору 100 тонна пахта боқӣ мемонад. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки маъракаи ҷамъоварӣ дар соли ҷорӣ тӯл кашидааст. Инчунин, на ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакор ба натиҷаи пешбинишуда расидаанд.

Суғду Хатлон – ду минтақаи асосии пахтакор

Вилоятҳои Суғду Хатлон дар истеҳсоли пахтаи кишвар мавқеи асосӣ доранд. Дар вилояти Хатлон, тибқи маълумоти мақомоти вилоят, аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакор 16 шаҳру ноҳия дурнамои ҷамъовариро иҷро кардаанд.

Дар Хатлон шаҳру навоҳии Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ ва Кӯлоб аз иҷрои нақша хабар додаанд.

Аммо дар вилояти Суғд вазъ каме дигар аст. Тибқи маълумоти расмии мақомоти вилояти Суғд, то 23 ноябри соли равон ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро таъмин кардаанд. Аз ҷумла, Ҷаббор Расулов 21 ноябр бо ҷамъоварии 11 ҳазору 336 тонна пахта нақшаро 100,1 фоиз иҷро кардааст.

Мукофот барои меҳнат, аммо кофист?

Ҳоло мақомот талош мекунанд, ки кишоварзонро барои ҷамъоварии саривақтии пахта ҳавасманд намоянд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд байни шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор мусобиқаҳои меҳнатӣ баргузор  мешаванд. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Масалан, имсол дар ҷамъбасти яке аз марҳилаҳои мусобиқаи меҳнатӣ, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойи аввал ва ноҳияи Спитамен ҷойи дуюмро гирифтаанд.

Дар вилояти Хатлон низ таҷрибаи қадрдонии хоҷагиҳои пешқадам истифода мешавад. Дар Данғара, Левакант ва Дӯстӣ пахтакорон барои иҷрои дурнамо ва нишон додани натиҷаҳои баланд бо мукофот сарфароз гардиданд.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи таҳлилгарон, масъалаи асосӣ танҳо қадрдонии пахтакорони пешқадам нест, балки  фароҳам овардани шароитест, ки кишоварз аз натиҷаи меҳнати худ даромади муносиб ба даст орад.

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси масоили кишоварзӣ

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси масоили кишоварзӣ бар ин назар аст, ки пахта бояд асосан дар дохили кишвар коркард шавад, зеро ҳангоми коркард дар дохил арзиши аслӣ чанд маротиба афзоиш меёбад.

“Бояд коркарди пурраи пахта ба роҳ монда шавад. Мутаассифона, имрӯз пахтакор дар Тоҷикистон соҳиби воқеии маҳсулоти худ нест. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд аз технологияҳои нав, аз ҷумла таҷрибаи Чин истифода кард. Ин махсусан ба соҳаи тухмипарварӣ дахл дорад. Инчунин, зарур аст, ки пойгоҳҳои илмии институтҳо бозбинӣ шаванд ва таҳқиқоти илмӣ дар ин самт рушд ёбанд.
Деҳқонон низ ҳавасманд карда шаванд. Заводҳои коркарди пахта бояд маблағи маҳсулоти харидоришударо саривақт пардохт намоянд.
Агар тамоми пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард гардад, метавон ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дод. Барои ин назорати ҷиддӣ, фаъолияти мунтазами корхонаҳои коркард ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ зарур аст”, – изҳор дошт коршинос.

Истеҳсол мекунем, коркард чӣ?

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳа коркарди саноатии пахта мебошад. Тоҷикистон имкони истеҳсоли нахи пахта, ришта, матоъ ва маҳсулоти тайёрро дорад. Дар кишвар як қатор корхонаҳои нассоҷӣ фаъолият мекунанд, ки метавонанд дар ин раванд саҳм  гузоранд. Аз ҷумла, корхонаҳои «Ҷавонӣ»,  «Нассоҷи Хуҷанд», «Спитамен Текстайл», «Нику Хуҷанд», «Ангубин», «Файзи Истиқлол-2011», «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ва «Органик Ян» дар самти коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ фаъолият доранд.

Дар вилояти Суғд баъзе корхонаҳо имкони ба роҳ мондани силсилаи нисбатан пурраи истеҳсолро доранд. Тибқи маълумоти мақомоти вилоят, иқтидори умумии ҳашт корхонаи коркарди нахи пахта дар ин минтақа 43,5 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон низ корхонаҳои коркарди пахта фаъолият доранд. Аз ҷумла, корхонаи «Ҷунтай Хатлон Син-Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ бо иқтидори коркарди 250 – 300 тонна пахта дар як шабонарӯз фаъолият мекунад. Ашёи коркардшуда ба корхонаи нассоҷии «Ҷунтай Данғара Текстил Син-Силу» равона карда мешавад.

Ҳамзамон, барои рушди соҳа сохтмони маҷмааи нави нассоҷӣ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ гардидааст. Иқтидори коргоҳи ресандагии он 10 ҳазор тонна ришта ва истеҳсоли матои трикотажӣ то 3 ҳазор тонна дар як сол муайян шудааст.

Аммо масъала ин аст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳо бо ҳаҷми воқеии коркард  то куҷо мувофиқат мекунад?

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир моҳи августи соли 2026 изҳор дошт, ки тақрибан 30 фоизи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад.

Пахтаи Тоҷикистонро бештар кӣ мехарад?

Тибқи маълумоти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз кишвар ба маблағи 73,5 миллион доллар нахи пахта содир шудааст. 

Эрон харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон аст. Туркия низ дар бозори содирот ҷойгоҳи назаррас дорад (нигаред ба инфографика).

Аммо суол ин аст, ки чаро қисми зиёди нахи пахта содир мешавад? Ин дар ҳолест,  ки ҳамасола дар кишвар чандин корхонаи коркарди пахта ва  истеҳсоли матоъ ба роҳ монда мешаванд.  Магар ин корхонаҳо аз рӯи иқтидори пешбиншуда кор намекунанд? Ё шояд омили дигар ҳаст? Вобаста ба ин, назари масъулинро интизорем.


Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ

Ба назари коршиносон, дар сурати рушди коркарди дохилӣ, Тоҷикистон метавонад на танҳо ашёи хом, балки маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи бештарро ба бозорҳои хориҷӣ пешниҳод намояд.

Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, Тоҷикистон метавонад аз содиркунандаи нахи пахта ба истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти тайёри нассоҷӣ табдил ёбад.

“Дар гузашта ба ивази маҳсулоти хом мо аз хориҷ маҳсулоти тайёр мегирифтем. Акнун имрӯз замона дигар шудааст, бояд худамон истеҳсол кунем. Дар комбинати “Текстил” 15 000 коргар дар се баст кор мекарданд. Ҳоло чӣ? Ин рақам ба маротиб кам аст. Магар имкони барқарор кардан нест? Албатта, ҳаст. Пахта, қувваи корӣ, барқ дорем. Фақат ягон маҳсулоти химиявӣ мемонад, ки метавонем аз берун ворид намоем. Вақти он расидааст, ки либоси тайёр истеҳсол кунем. Мо баръакс, пахта медиҳем ва аз берун бо 10 маротиба даромади бештар либос мефурӯшанд”, – изҳор дошт номбурда.

Натиҷаҳои соли 2026 ва назари коршиносон нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳанӯз  дорои имкониятҳои истеҳсоли пахта аст. Аммо истеҳсолу содироти пахта  зиёд бошаду асъор ба берун равад, деҳқон аз меҳнати худ даромади муносиб нагирад, корхонаҳои ватанӣ бо иқтидори пурра фаъолият накунанд, чӣ суд? Масъулини соҳа чӣ назар доранд?

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *