Бо насби “мигалка” ва рақамҳои бегона. Боздошти ронандаи «Тайота» дар Душанбе
Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавоне хабар дод, ки дар мошини худ таҷҳизоти махсуси равшанидиҳанда, ба истилоҳ “мигалка” насб намуда, ҳамзамон қойдаҳои ҳаракат дар роҳро нақз мекардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Фаррух Азимов дар воситаи нақлиёти худ-«Тайота» рақамҳои қайди давлатии бегона ва таҷҳизоти махсуси равшанидиҳанда (мигалка) насб намуда, дар як вақт ба чанд қоидавайронкунӣ даст задааст.
Манбаъ мегӯяд, ӯ бо чунин рафтораш нисбат ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беэътиноӣ намудааст.
Назари ҷавон ё наздиконаш ба ин хабари мақомот маълум нест.
Нисбат ба Фаррух Азимов бо моддаҳои 316-313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб додаанд ва воситаи нақлиёташро ба ҷаримагоҳи муваққатӣ бурдаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, нақзи қойдаҳои ҳаракат дар роҳ, рух додани садамаҳои нақлиёти пайваста расонаӣ мешавад.
Ба иттилои расмӣ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо 9,2 фоиз зиёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ