Раисони 7 шаҳри Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба ба Маскав рафтаанд

Дар шаҳри Маскави Русия 23-24-уми ноябр Форуми байналмилалии мунисипалӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зарина Давлатзода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали кишвар, ширкат намудаанд.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки ин дар ҳайати Тоҷикистон, ки ба Маскав рафтаанд,  раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор ва Роғун, инчунин намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон шомил будааст.

Манбаъ мегӯяд, ин форум бо ҳадафи баррасии масъалаҳои муҳими рушди шаҳрҳо ва маҳалҳо, такмили низоми идоракунии маҳаллӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам баргузор гардид.

“Дар ҷараёни он намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарӣ ва сессияҳои соҳавӣ иштирок намуда, оид ба имкониятҳои рушди устувори шаҳрҳо ва татбиқи ташаббусҳои муштарак табодули андеша карданд”,-афзуд манбаъ.

Манбаъ бидуни шарҳи бештар гуфт, дар ҳошияи ин форум мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Руслан Болотов, раиси шаҳри Иркутски Русия баргузор шуда, зимни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байни мақомоти маҳаллӣ, рушди робитаҳои байнишаҳрӣ ва табодули таҷриба дар самти идоракунии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *