Дар Хатлон андоз бештар аз нақша ҷамъоварӣ шуд

Нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ наздики 106 дарсад иҷро шудааст.

Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, нақшаи дурнамои ҷамъоварии андоз 3 млр. 229 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки иҷроиши он  3 млр. 445 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани нақша 216 миллион сомонӣ ба буҷети давлат бештар ворид шудааст.

Шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон, Вахш, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон  нақшаи ҷамъоварии андозро аз 115 дарсад бештар иҷро кардаанд.

Сари вақт ҷамъоварӣ намудани андоз ва иҷрои нақшаи пешбинишуда аз ҳадафҳои асосии мақомоти андоз ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо, ки манбаи асосии ташаккули буҷети давлатӣ гуфта мешавад, метавонад ба бахшҳои дигари иқтисоди кишвар таъсир гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *