6 кӯдаки тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон баргардониданд

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълон намуд, ки 6 кӯдаки тоҷикро аз ин кишвар ба Ватан баргардониданд.

Ба иттилои ин ниҳод, кӯдакони хурдсол дар Русия бепарастор монда буданд, ки 24-уми  ноябри соли ҷорӣ  бо мусоидати Консулгарӣ ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба кишвар баргардонида шуданд.

Манбаъ мегӯяд, ба кишвар баргардонидани ин кӯдакон дар доираи созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ оид ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимиашон сурат гирифтааст.

Мақомот шарҳ надодааст, ки чаро ин кӯдакон дар Русия бепарастор мондаанд ва тайи чанд муддат дар ин кишвар бар сар бурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *