Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба сокинон
Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар сокинонро ҳушдор додаасит, ки вақтҳои охир қаллобон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ файлҳои зарароварро дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
Ин ниҳод бо нашри иттилоияе гуфтааст, аз боргирӣ ва насби чунин файлҳо худдорӣ кунед.
“Чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад”,-таъкид намудааст манбаъ.

Бонки миллӣ ба сокинон тавсия додааст, файлҳои «.apk»-ро, ки тавассути «Telegram», «WhatsApp» ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ