Як донишҷӯ баъд аз паҳни навори “гаштугузори ҷин” дар Коллеҷи тиббӣ боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавон барои паҳн намудани навори гӯё “гаштугузори ҷин” дар Колеҷи тиббии ноҳияи Рашт, хабар дод.

Ин ниҳод, имрӯз 27-уми ноябр гуфт, ин ҷавон Зикрулло Ҳасанов, сокини 18-солаи ноҳияи Нуробод буда, донишҷӯйи курси аввали Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, ихтисоси рӯзноманигорӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи 18-уми ноябр навореро, ки гӯё дар он гаштугузори шабонаи ҷин ё “домовой” дар Коллеҷи тиббии Рашт, дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Зикрулло Ҳасанов бо нашри ин навор, ки ба иттилои мақомот, онро худ аз дигар сомонаҳо гирифта, бо ҳадафи бештар намудани обунаҷиёнаш паҳн кардааст, донишҷӯёну мардуми атрофро ба ташвиш овардааст.

Ӯ дар гузориши ВКД аз ин амалаш изҳори пушаймонӣ намуда, аз донишҷӯён узрхоҳӣ мекунад.

Нисбати Зикрулло Ҳасанов барои паҳн намудани хабари бардурӯғ парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба муҳлати  5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *