Тоҷикистон дар се соли оянда чӣ қадар қарзи хориҷӣ мегирад?

Дар Тоҷикистон азхудкунии беш аз 2 миллиарду 169 миллион доллар маблағҳои қарзӣ дар солҳои 2027-2029 пешбинӣ шудааст.

Ин нукта дар лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028–2029» зикр шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр, дар ҳузури вакилони парлумонӣ ин тарҳро муаррифӣ намуда, афзуд, ки дар се соли оянда чӣ қадар қарзи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Тибқи барномаи мазкур, азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар се соли оянда чунин пешбинӣ шудааст:

  • соли 2027- 763,1 миллион доллар;
  • соли 2028 -692,7 миллион доллар;
  • соли 2029 -713,2 миллион доллар.

Вазири молия муҳлат ва фоизи чунин қарзҳоро низ шарҳ додааст.

“Маблағҳои қарзии дар доираи барнома пешбинишуда бо шартҳои имтиёзнок, аз ҷумла меъёри фоизи солона аз 0,75 то 2,0 фоизи собит, давраи имтиёзнокӣ аз 4 то 10 сол ва меъёрҳои тағйирёбандаи байналмилалии SOFR, ки 3,95 фоиз ё EURIBOR – 2,99 фоизро (ҷамъ 1 фоиз маржа) ташкил медиҳанд, ҷалб карда мешаванд”,-таъкид намудааст ӯ.

Ҷалби қарзҳои беруна дар чунин ҳаҷм дар ҳолест, ки феълан қарзи берунаи кишвар ба миллиардҳо доллар мерасад.

“Дар иртибот ба ҷалб, азхудкунии маблағҳои қарзии ҷалбшуда ва хизматрасонии қарзи давлатӣ ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба ҳолати 1 ноябри соли ҳисоботӣ 3,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин ба 16,6 фоизи ММД баробар мебошад”,-гуфтааст Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2027 ҷиҳати хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ ё баргардонидани қарз 508 миллион доллар, барои соли 2028-312,8 миллион доллар ва барои соли 2029- 313 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

“Аз ҷумла, соли 2027 Тоҷикистон барои пардохти қарзи евробондҳо 175,6 миллион доллар, қарзи Хазинаи байналмилалии асъор 38 миллион доллар ва хизматрасонии қарзи аз «Эксимбонк»-и Чин ҷалбшуда 104,6 миллион доллар равона хоҳад кард. Нишондиҳандаҳои барномаи қарзгирии беруна хусусияти дурнамоӣ дошта, вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ, эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зарурати ҷалби маблағ барои иншооти бузург метавонанд бозбинӣ шаванд”,-гуфтааст вазири молияи Тоҷикистон.

Ҳадаф аз татбиқи барномаи қарзгирии беруна, таъмини маблағгузории барномаҳои иҷтимоии ҳукумат ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *