Қудратулло Яҳёзода: Мусиқӣ маро аз рӯзҳои сахти зиндагӣ наҷот дод

Қудратулло Яҳёзода аз зумраи композиторони маъруфи тоҷик аст, ки дар ташаккул ва рушди мусиқии касбӣ, бахусус жанрҳои симфонӣ, камеравӣ, театрӣ ва суруд саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ шогирди композитори машҳури ҷаҳонӣ Арам Хачатурян буда, дар тӯли фаъолияти эҷодиаш бо бузургони адабиёту ҳунари тоҷик ҳамкорӣ кардааст. Ба муносибати 80-солагии ин ҳунарманди соҳибмактаб бо ӯ аз рӯзгори гузашта, хотираҳои устодон, фоҷиаҳои зиндагӣ, нақши мусиқӣ дар сарнавишти инсон ва вазъи имрӯзаи санъати академии тоҷик суҳбат оростем. 

Аз Қудратулло то Тилло

– Тиллоака, иҷозат диҳед, ки дар вақти мусоҳиба ҳам, мисли ҳамеша, ба шумо чунин муроҷиат кунам…

– Бифармоед. Тавре медонед, аксари дӯстон маро Тилло мегӯянд. Ин ном қиссаи ҷолибе дорад. Ҳамшираи ман бо наттоқи маъруфи телевизиони Шӯравӣ Лӯъбат Бурҳонова дугона буданд. Як рӯз он кас ба хонаи мо омаданду маро дида, мепурсанд: “Ӯ чӣ ном дорад?” Гуфтанд: “Қудратулло”. Он кас ба мӯйҳои тиллоранги ман нигоҳ карда гуфтаанд: “Мӯйҳояш тиллоранг аст, беҳтараш Тилло гӯед”.

Ҳамин тавр, ҳамсинфҳо, рафиқон, устодон, ҳатто Арам Илич маро Тилло мегуфтанд. Фақат падару модарам Қудратулло мегуфтанд ва агар касе маро Тилло ном барад, андак хафа ҳам мешуданд.

– Волидайнатон чӣ кор мекарданд? Оё аз аҳли санъат буданд?

– Дадем омӯзгор буданд, дар чанд шаҳру ноҳия мудири маориф шуда кор кардаанд. Вале дутор ҳам менавохтанд. Модарам хонашин буданду ба тарбияи фарзандон машғул. Муҳите, ки мо ба воя расидем, бисёр аҷиб буд. Кӯчаи мо аввал Будённий, баъдан Карл Маркс ва ҳоло Лоиқ Шералӣ ном дорад. Дар гузарамон устодони адабиёту ҳунар Зиёдулло Шаҳидӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Халилов, Насимҷон Пӯлодов, Фозил Солиев, Акашариф Ҷӯраев ва Ҷалол Икромӣ зиндагӣ мекарданд. Зафар Нозим ҳамсояи пасидевории мо буд. Мо ин бузургонро ҳар рӯз медидем, бо онҳо суҳбат мекардем. Дар ҳавлии Зиёдулло Шаҳидӣ бо писарашон Толибхон теннис бозӣ мекардем. Дар хонаи Акашариф Ҷӯраев борҳо шоҳиди машқи он кас бо писарашон Муқим шудаам. Ҳамин муҳит ба зиндагии ман таъсири бузург гузошт.

Фарзандамро наҷот дода натавонистам…

– Нигоҳи композиторҳо ва умуман онҳое, ки ба мусиқӣ машғуланд ба зиндагӣ дигар аст. Шумо бо кадом андешаҳо ва эҳсосот марҳилаи 80-солагиро пешвоз мегиред?

– Пеш аз ҳама, рӯҳбаландона. Гумон мекунам, зиндагие, ки то имрӯз ба сар бурдаам, ба ғояи асарҳоям мувофиқат мекунад. Зиндагии хуб доштам. Дар муҳити солим ба воя расидам, сабақ омӯхтам, ёру дӯстони хуб, ҳамкасбони боақлу ботаҷриба пайдо кардам. Оилаи хубу фарзандони меҳрубон, боақлу бофаросат дорам, ки ҳамеша дастгирам ҳастанд. Онҳо дар зиндагӣ ба банда хеле зиёд ёрмандӣ карданд ва мекунанд. Вале зиндагӣ бе зарбаю пешпо хӯрдан намешудааст. Ман ҳам фоҷиаи сахтро пушти сар кардаам. Духтараки ширинам Фотима дар синни 13-солагӣ аз олам гузашт. Аз соли 1983 то соли 1987 барои саломатии ӯ мубориза бурдам. Он солҳо сахт рӯҳафтодаю дилшикаста будам. Фотима бисёр меҳрубон буд. Ҳарчанд кӯдак буд, муҳаббаташро эҳсос мекардам. Бовар дошт, ки дадааш ӯро наҷот медиҳад. Вале афсӯс, натавонистам… Ба Маскав бурдам, назди табибони маъруф. Ҳатто доруи «Катрекс»-ро, ки олими гурҷӣ Александр Гачечиладзе аз ҷигари наҳанги баҳри Сиёҳ таҳия карда буд, бо кӯмаки вазири вақти тандурустӣ Гулнора Комиловна дастрас намудем. Аммо ҳама талошҳоямон бенатиҷа монданд… Баъдан фаҳмидам, ки ҳамсари Михаил Горбочёв – Раиси Максимовна ҳам айнан бемории духтари маро доштааст. Ӯ ҳам баъдан аз ҳамин беморӣ фавтид…  

Бо маслиҳату насиҳатҳои модарам оҳиста-оҳиста худро ба даст гирифтам.

– Дар чунин ҳолатҳои вазнин чӣ шуморо ба зиндагӣ дилгарм мекунад?

– Мусиқӣ маро наҷот дод. Достони симфонии «Ёддоштҳо»-ро, ки ба 110-солагии устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, дар он замон бо ашк навиштам. Баъдан, коргардон Баҳодур Миралибеков намоишномаи «Ғуруби Аҷам»-и Ҷумъа Қуддусро ба саҳна гузоштанӣ шуд. Ин намоиш бахшида ба 1400-солагии Борбад бахшида шуда буд. Ӯ ҳолати маро медонист ва пофишорӣ кард, ки барои намоишнома мусиқӣ нависам. Аввал розӣ нашудам, вале ӯ маро ором нагузошт, гуфт, ки роҳи наҷоти ту кор аст. Ниҳоят ба Хонаи эҷодиёти шаҳри Иваново рафта, як моҳ он ҷо кор кардам ва мусиқиро навиштам. Пештар дар Театри Лоҳутӣ оркестр вуҷуд дошт. Ҳунармандон, аз ҷумла Туҳфа Фозилова ва Борис Наматиев, зинда месароиданд. Вале он замон дигар на оркестр монда буд, на чунин имконият. Маҷбур шудем, ки фонограмма истифода барем. Сурудҳои асосиро Олим Бобоев, Муаззама Иброҳимова иҷро мекарданд, ҳамчунин Тағоймурод Хушвахтов ва Сафарбегим Тошхӯҷаеваро даъват кардем. Ин намоиш бисёр шуҳратёр шуд. Ҳамин корҳо маро тадриҷан аз буҳрони рӯҳӣ берун оварданд.

Шогирди Арам Хачатурян

– Шумо чӣ гуна ба олами мусиқии касбӣ роҳ ёфтед?

– Пеш аз ҳама, таъсири муҳите буд, ки ба воя расидам. Ҳамнишинӣ бо бузургони санъат маро ба ин роҳ овард. Агар композитор ҳам намешудам, ҳатман эҷодкор мешудам. Сабаби дигар Дамир Дӯстмуҳаммадов буданд. Мо ҳамсоя будем. Ман дар мактаби мусиқии рақами 7 таҳсил мекардам. Ҳанӯз дар синфҳои шашуму ҳафтум як-ду суруди бачагона навишта будам, ки дар чорабиниҳои мактабӣ месроиданд. Ҳамсояҳоямон Дамирака, Суратака Халилов ва Аъзамака Солиев ду сол пештар ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шуданд. Толиб Шаҳидӣ аз мо як курс боло мехонд, ману Зарина Миршакар ҳамкурс будем. Михаил Светаев, Юрий Тер-Осипов, Геннадий Александров ва Миръатулло Атоев аз устодони мо буданд. Яъне дар омӯзишгоҳ аллакай маълумоти нағз гирифтем.

– Ба муҳти Маскав чӣ гуна роҳ ёфтед ва чаро ба Консерватория неву ба Донишкадаи Гнесинҳо дохил шудед?

– Он замон дар Тоҷикистон муассисаи олии махсуси мусиқӣ надоштем. Баъди омӯзишгоҳ ба Тошканд, Маскав ё шаҳрҳои дигар мерафтем. Кори курсии ман таҳти роҳбарии Геннадий Александров сюитаи чорқисма барои оркестри симфонӣ буд. Азбаски он вақт ҳанӯз ба сатҳе нарасида будам, ки асари маро оркестри симфонӣ навозад, онро барои чор дасту дар ду роял мутобиқ кардам. Бо Зарина Миршакар ба Маскав рафтем. Ба консерватория ҳамагӣ як нафарро аз Тоҷикистон қабул мекарданд. Зарина дохил шуд. Ман ба Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо ҳуҷҷат супоридам. Умарова ном духтарк аз Тошканд барои дохилшавӣ ба консерватория омада буд. Вай бо дугонааш суитаи маро навохт. 6 асари дигар ман барои скрипка бо фортопеано, барои турба бо форотопина, барои кларнет бо фортопиано, барои фортопианоро ҳам он ҷо  навохтанд. Дар ҳайати комиссия Арам Хачатурян, Литинский, Пейко ва Чугаев барин устодони бузург нишаста буданд. Баъди ду рӯз ба Донишкада омада, дидам, ки номи маро дар синфи Хачатурян навиштаанд. Қариб аз шодӣ парвоз мекардам.

– Аз зиндагиномаи Толибхон Шаҳидӣ медонем, ки Арам Хачатурян дар Консерватория дарс медоданд.

– Бале. Сешанбе дар Консерватория, чоршанбе дар Донишкадаи Гнесинҳо дарс медоданд. Вале шогирдонро ба ҳар ду муассиса даъват мекарданд. Баъзан, вақте нотоб мешуданд, ба хонаашон мерафтем.

Устод маро бисёр дӯст медоштанд, зеро дар асарҳоям зарбу оҳангҳои халқиро эҳсос мекарданд. Соати шаши саҳар масъули хобгоҳ хабар мекард: “Шеф тебя зовёт!”. Гӯширо бардорам, устод бе салому алейк мегуфтанд: “Ты до сих пор спишь? Вчера я тебе всё объяснил, что надо закончит финал концерта”. Ман ҳам кори устодамро идома дода “Консерт барои скрипка бо оркестр” иборат аз 3 қисм навишта будам. Ман хоболуд ба хонаашон мерафтам. Дарро кушода мегуфтанд: “Тихо, Нина Владимировна спит.” Нина Владимировна Макарова ҳамсарашон ҳам композитор буданд. Хилъати сурхи рах-рах доштанд. Баъзан аз кисаашон пул бароварда медоданд, ки барои субҳона равған биёрам: “Равған бисёр хар, нисфашро бо худат мебарӣ. Аз тарабхонаю барҳо дурӣ ҷӯй. Ту фарзанди сарзамини офтобӣ ҳастӣ, шароб ба ту зарар дорад. Таомҳои серғизо хӯр.”-таъкид мекарданд, пайваста. Ҳамсарашон бошад, то анҷоми машғулият портфели маро аз хӯрокворӣ пур мекарданд. Ҳасибҳои беҳтарин, панир, себ, афлесуни мароқандӣ, як то коняк, мегузоштанд.  Ман лоғару резапайкар будам, барои ҳамин ҳамеша ғамхорӣ мекарданд. Гоҳо гирифтани туҳфаҳоро рад мекардам. Вале устод мегуфтанд, ки ба тӯйи арӯсита меравам, он ҷо дастурхони нағз мекушоӣ, ҳисобӣ мешавем. Вале бемор шуданду омада натавонистанд. Телеграмма фиристоданд, ки онро Шарофиддин Сайфиддинов дар базм қироат карданд. Як ҳафта баъди тӯй чизҳои дустмедоштаи устодро дастовез гирифта ба Маскав, ба аёдати устод рафтам. Дар беморхонаи Кремл бистарӣ буданд. Маро дида ҳайрон шуданд: “Чӣ тавр зани ҷавонатро монда омадӣ?”. Гуфтам: “Шумо нотоб шудаед, наомада наметавонистам.”. Каме суҳбат кардем. Ҳамин вақт ду нафар даромада, чизе нагуфта, дастамро тоб доданду маро ба ҳуҷраи дигар бурданд. Тарсидам. Баъди чанд лаҳза чизе нагуфта маро озод карданд. Ба ҳуҷраи устод омадам, сабаб пурсидам. Ҳамсарашон ба тиреза ишора кард. Аз боло нигоҳ кардам. Маълум шуд, ки роҳбарони баландпояи Шӯравӣ, аз ҷумла Алексей Косигин, ба аёдати устод омадаанд. Аз суҳбатҳо фаҳмидам, ки масъалаи табобати устод дар Олмон низ матраҳ будааст. Вале роҳбарияти давлатӣ Шӯравӣ устодро маслиҳат медиҳанд, ки нараванд. Зеро як композитори бузурги Шӯравӣ агар дар хориҷа табобат мегирифт, ин ба обрӯйи давлат таъсир мегузошт…

– Шояд ба Олмон мерафтанд, табобати беҳтар мегирифтанд?

– Шояд… вале Арам Илич аллакай саратон шуда буданд. Дигар ин ки давлати Шӯравӣ қавонине, дошт, ки онро фаҳмидан ва фаҳмонидан душвор аст.  Агар муқобил набошед, як қиссаи ҷолиби дигарро нақл кунам.

– Бифармоед.

– Як рӯз ба хонаи устод рафтам. Каме саросема буданд. Гуфтанд, ки назди телефон навбатдор истам. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ бояд занг мезаданд. Телефон занг зад. Ман гӯширо бардоштам, вале ҷуръати суҳбат накардам. Симаш дароз буд, ба ҳаммом бурдам. Он кас гап заданд. Аз ҳаммом баромаданду либоси расмӣ пӯшиданд. Гуфтанд, ки баъди як соат меоянд ва ба ман таъкир карданд, ки он касро интизор шавам. Пас аз якуним-ду соат баргаштанд, хеле хурсанд буданд. Гуфтанд: “Аз тиреза нигоҳ кун!” Нигоҳ кардам, дар поёни бино «Мерседес»-и сиёҳи нав меистод. Маълум шуд, ки як зани амрикоии арманитабор онро туҳфа фиристодааст. Арам Илич чанде пеш аз ин бо сафари ҳунарӣ ба чанд штати Амрико рафта буданд. Он зан ба эҷодиёти устод дил бастааст ва ҳамчунин, ифтихор кардааст, ки яке аз бастакорони бузурги муосир ҳаммилати ӯст. Мошинро вазорат ба устод расондааст. Устод бо завқ нақл карданд, ки ба ронанда гуфтаанд оҳиста ҳаракат кунад, то мардум бинанд, ки як арманӣ дар кӯчаҳои Маскав бо чунин мошин кару фар карда мегардад. Он кас бисёр миллатдӯст буданд. Аз арманӣ будани худ ифтихор доштанд. Ба мо ҳам таъкид мекарданд, ки дар асарҳоямон ҳатман рӯҳи миллӣ бошад. Агар инро эҳсос намекарданд, мегуфтанд: “Это набор нот, а где душа?

Яъне, «Ин танҳо маҷмуи нотаҳо аст, рӯҳаш куҷост?».

Ҳуши маснуӣ ва мусиқии имрӯза

– Сурудҳои шуморо сарояндагони зиёде сароидаанд. Беш аз 150 сурудатон то имрӯз ҳам садо медиҳад. Чаро ба ин жанр дилбастагӣ доред?

– Чандин сол дар радио кор кардам. Он вақт Орифшо Орифов ба ансабли эстрадии “Гулшан”, Шоҳназар Соҳибов ва баъдан Бобоқул Файзуллоев ба “Шашмақом”, Давлатманд Холов ба Фалак ва Саидқул Билолов ба ансамбли «Дарё» сарварӣ мекарданд. Он замон мисли имрӯз набуд, ки дар ҳар як таҳхона студия бошаду ҳар кас суруд сабт кунад. Сарояндагон дар интихоби суруд бисёр ҷиддӣ буданд. Бинобар ин, аз мо оҳангҳои нав талаб мекарданд. Ман имконияту фосилаи овозии онҳоро ба назар гирифта барояшон суруд менавиштам. Нуқра Раҳматова, Орифшо Орифов, Муқаддас Набиева, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҷӯрабек Муродов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Махфират Ҳамроқулов, Барно Исҳоқова ва аксари сарояндагони маъруфи солҳои 70 ва 80-у 90 сурудҳои маро иҷро кардаанд. Ҳоло баъзе сарояндагони ҷавон ба нотаҳои баланд нарасанд ҳам, дастгоҳ овозашонро месозад. Чанде пеш сарояндае сурудашро шунавонд. Гуфтам: “Охир, овози ту ба ин пардаҳо намерасад. Чӣ тавр хондӣ?” Гуфт: “Бо ҳуши маснуӣ дуруст кардам.”…

– Шумо ба ҳуши маснуӣ ва ворид шудани он ба фазои мусиқӣ чӣ назар доред?

– Ҳоло ба он бо шавқу ҳавас менигарем, зеро воқеан корҳои аҷиб мекунад. Вале хатарашро баъдтар дарк хоҳем кард. Ҳама чиз сунъӣ мешавад. Асоси кори эҷодӣ иртиботи қалб ба қалб аст, ин аз байн меравад. Ба аксҳои бо ҳуши маснуӣ сохташуда нигоҳ кунед. Зебо ҳастанд, вале самимият надоранд. Чеҳраи инсони воқеиро намебинед. Моро зиндагӣ дар як ҷаҳони сунъӣ таҳдид мекунад.

– Вақтҳои охир кам суруд менависед?

– Хеле кам. Зеро сарояндагони табъи дилам кам шудаанд. Ҳоло Зубейр Кабиров, Нилуфар Сатторова, Достон Холов, Олимҷон Солиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Олимҷон Аҳатов ва Тоҷиддин Раҳимов баъзе сурудҳоямро иҷро мекунанд. Шогирдони Консерватория низ месароянд.

Ҷавононро дастгирӣ бояд кард

– Устод, шумо солҳост, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ машғулед…

– Бале, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов дарс мегӯям. Ҳамкорӣ бо ҷавонон ба ман нерӯ мебахшад.

– Байни ҷавонон оҳангсозони боистеъдод ҳастанд? Чаро номи онҳоро кам мешунавем?

– Ҳастанд. Бахтиёр Убайдзода, ки муаллифи ду балет аст ва дар консерватория мудири кафедра аст. Бахтовар Давлатзода ки оркести кӯдаконаро роҳбарӣ мекунад. Мадина Иброҳимзода, Шодмон Зарипов ва Муҳаммадалӣ Машрабов аз ҷавонони соҳибистеъдоданд. Онҳоро ҷалбу дастгирӣ кардан лозим. Вале касе ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ намекунад. Замоне устод Зиёдулло Шаҳидӣ барои ман – композитори ҷавон назди раиси шаҳр рафтанд, то бароям хона диҳанд. Шарофиддин Сайфиддинов низ моро бисёр дастгирӣ мекарданд. Вақте Арам Хачатурян даргузаштанд, Сайфиддинов маро даъват карда гуфтанд: “Ту шогирдаш ҳастӣ, ба маросими видоъ бирав”. Маблағи роҳро ҳам доданд. Имрӯз чунин дилсӯзӣ кам шудааст. Моҳҳову солҳо дар бораи мусиқии академӣ як мақолаи ҷиддӣ намебинед. Нақди мусиқӣ қариб аз байн рафтааст. Қаблан асарҳои композиторон муҳокима мешуданд. Устодон ва мусиқишиносон ҷавононро дошта, эродҳояшонро мегуфтанд, муносибаташон бисёр дилсӯзона буд. Ҳоло чунин рафтору гуфтор нест. Ҳаст, рафтору гуфтори бад. Бетарафӣ ба сарнавишти дигарон, ҳавобаландӣ… афсӯс.

– Умуман, вақтҳои охир мардуми мо андаке дағалгуфтор ва нисбати сарнавишти якдигар бетараф шудаанд. Шумо эҳсос мекунед?

– Бале. Намедонам сабаб чист. Ба назарам, таъсири ҳамин телефони мобилӣ аст, ки ҳама ба он ғутавар шудаанд. Ман ҳар рӯз бо автобус ба кор меравам. Ҷавонон сарашонро аз телефон намебардоранд. Гӯё калонсолонро намебинанд, ҷой намедиҳанд. Ин аз камбуди маърифат аст. Вақте фарҳанги муошират заиф мешавад, чунин рафтор пайдо мегардад.

Ба оянда хушбинам

– Дар умум, ба ояндаи санъати академии тоҷик чӣ назар доред?

– Ман хушбинам. Бо вуҷуди душвориҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ санъаткорони мо анъанаҳои бисёреро нигоҳ доштанд, навоварӣ карданд, эҷод намуданд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими имрӯза таъсиси Театри миллӣ мебошад. Ман узви Шӯрои бадеии он ҳастам. Қарор аст, ки операи «Рустам ва Суҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов дар ин театр ба саҳна гузошта шавад. Сатҳи Театри миллӣ бояд баланд бошад. Он бояд ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар он асарҳои беҳтарини касбии академӣ ба саҳна бароянд. Ҳадаф ҳам муаррифии санъати тоҷик дар ҷаҳон ва ҳам ошно кардани мардуми худ бо шоҳкориҳои ҷаҳонист. Пештар мо фақат Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро доштем. Акнун имкониятҳои нав пайдо шудаанд. Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият дорад. Дар назди он оркестри кӯдакону наврасон ташкил шудааст. Инҳо ояндаи санъати моянд. Акнун муҳим он аст, ки эҷодкорон муттаҳид бошем, ба ҳамдигар маслиҳат диҳем, ҷавононро дастгирӣ кунем ва барои рушди санъати асил талош намоем.  Ман ба ҳамин оянда бовар дорам.  

Мусоҳиб: Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *