Дар Душанбе «Ҳафтаи забони ҳиндӣ» таҷлил гардид

Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 10-солагии таъсиси кафедраи забони ҳиндӣ «Ҳафтаи забони ҳиндӣ»-ро баргузор намуд. 

Чорабинии мазкур бо баргузории барномаҳои илмиву фарҳангӣ ба тарғиби забону адабиёти ҳиндӣ ва муаррифии фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар чорабинӣ Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике ва ректори донишгоҳ Гулназарзода Жило иштирок намуда, зимни суханрониҳо ба афзоиши таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони ҳиндӣ ва аҳамияти таҳкими робитаҳои фарҳангиву таълимии Тоҷикистону Ҳиндустон таъкид карданд.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ донишҷӯёни донишгоҳ шеърҳо ва сурудҳои ҳиндиро қироат ва иҷро намуданд. Ҳамчунин, тарбиятгирандагони Маркази фарҳангии ба номи Свами Вивекананда (SVCC) дар Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ ҳунари худро намоиш доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва ҳунарнамоии шоиста ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Баргузории «Ҳафтаи забони ҳиндӣ» бозгӯи талошҳои даҳсолаи кафедраи забони ҳиндӣ дар самти рушди омӯзиши ин забон, ошно намудани ҷавонон бо адабиёту фарҳанги Ҳиндустон ва густариши робитаҳои дӯстонаи ду кишвар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *