Ҳалокати Илҳомпаҳлавон аз пневмония
Илҳом Сарабеков, собиқ қаҳрамони Осиё дар гуштини самбо шаби 29 ба 30 апрел дар бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 44-солагӣ вафот кард. Дар ин бора як корбари “Фейсбук” Абдувохид Маликов дар саҳифааш хабар дод.
Тавре Меликовдар саҳифааш менависад:
«Имрӯз ҳамсояи хуби беозори ман Илҳом ҳам ин ҷаҳони фониро тарк кард. Худованд раҳмату мағфират кунад ва ба паҳлавонбачаҳояш ва хешу пайвандонаш сабри ҷамил ато кунад. Дардову дареғо!!!«
Гуфта мешавад, ки Илҳом Сарабеков ҳамагӣ се рӯз дар бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе таҳти табобат қарор дошт, вале табибон ӯро аз чанги аҷал наҷот дода натавонистанд.Табибон ба наздиконаш аз пневмония ҳалок гардидани паҳлавонро унвон кардаанд.
Бояд гуфт, ки Илҳом Сарабеков соли 1976 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, дар гузашта аз паҳлавонҳои хушноми кишвар ба шумор мерафт. Ӯ ҳам дар гуштини дзюдо ва ҳам дар самбо сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар гуштини самбо унвони қаҳрамони қитъаи Осиёро ҳам ба даст оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ