«Сомон Айр» ба Франкфурт парвоз кард! Хоҳишмандонро ба Ватан меорад

Тибқи иттилои ҳамагӣ 20 дақиқа пеш ба даст омада таёраи Сомон Айр аз Душанбе ба самти Франкфурт парвоз намуд. Ширкат иттилоъ медиҳад, ки имкон дорад ҳамчунин мусофиронро низ аз Франкфурт ба Душанбе барад.

“Дар робита ба ин, аз нафароне ки ба Тоҷикистон баргаштанианд, изҳори хоҳиш мегардад, ки ба таври фаврӣ худи ҳамин рӯз, яъне 01 майи 2020 то соати 11:00 (ба вақти Олмон) худро ба фурӯдгоҳи Франкфурт расонанд. Чиптаҳо мустақиман қабл аз парвоз дар худи фурӯдгоҳ фурӯхта мешаванд”-омадааст дар хабарнома.
Барои гирифтани иттилои иловагӣ лутфан ба намояндаи ширкат муроҷиат кунед. Tel: +992 93 7777034 (Whatsup).

Ҳамчунин замоне ба сафар бароед, ки агар ба солимии хеш эътимод дошта бошед.
Қаблан иттилоъ дода буданд, ки тайёрае ки ба Франкфурт меравад намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро ба Тоҷикистон меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *