Ҳам дуздию ҳам пешхезӣ. Қирғизҳо бо гирдиҳамоӣ чӣ мехоҳанд?
Ҷамъ омадани чанд нафаре (тақрибан 20 нафар) имрӯз дар назди бинои Cафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳамон мақолеро ба ёд меорад, ки ҳич гоҳ аз хотирҳо зудуда намешавад: “Ҳам дуздию ҳам пешхезӣ”. Ин чист? Нодида гирифтани ормонҳои миллии тоҷикон? Ва ё ин ҳамсояҳои ҳавола ба худои мо ҳамеша дар кори кардаи худ дигаронро муқассир медонанд?
Ва ё ба ибораи дигар “дуздиву пешхезӣ”-и ин тоифа дар чист? Магар боре шудааст, ки тоҷик ба хонаи каси дигар зада даромада бошад? Магар таърих боре тоҷикро қотилу ғоратгару хонасӯз ба қалам додааст? Ин ҳама иғвогарон, ки даст то оринҷашон дар хуни бегуноҳон олуда аст, боз шарм накарда, даъвои инсонгариву инсонбуданро доранд. Ва на шармидаву на ҳаросида, аз кирдорҳои нангини хеш пуштибонӣ мекунанд.
Ва ҷамъ омаданашон дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек далели он аст, ки ин тоифа аз кирдорҳои нангини хеш фаромӯш кардаву дар тамоми он зишткориҳояшон тоҷиконро муқассир медонанд. Бубинед онҳо чӣ менигоранд: “Мушкилоти сарҳад ҳамеша дар мо ҷой дошт. Вале ҳич вақт ҳамсояҳо шаҳрвандони моро бо минамётҳо накуштаанд. Ҳарбиҳои Тоҷикистон хонаҳои моро тирборон намуданд. Бас будагист, ҳал намудани мушкилоти сиёсии дохилиатон аз ҳисоби мо. Боткент — сарзамини мост.”.
Намедонам ин даъвои ҳамсояҳо ба чӣ асос ёфта бошад? Вале мусаллам он аст, ки тоҷик ҳамеша ба қадри ҳамсояву ҳамсоядорӣ расидааст ва инро яке аз рукнҳои асосии имондорӣ меҳисобад. Ба фикри ин ҷониб, бояд ҳамсояҳои мо худ пеш аз ҳама ба қадри ҳамсояву ҳамсоядорӣ бирасанд. Вагарна кӣ медонад, оқибати ин бепарвоӣ ба чӣ оварда мерасонад?!
Мирзошарифи САДРИДДИН, н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ