Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гуруҳи «В» ҷойи дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи имсол дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон натиҷаро мусовӣ (4:4) кард, дар бозии дуюм ба дарвозаи дастаи Непал 11 гол зад ва дар охир аз Ўзбекистон шикаст хўрд.

Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозӣ бо Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале баъдан ба дарвозаи худ чор тўб сар доданд. Тоҷикистон дар охири бозӣ фишорро ба дарвозаи рақиб зиёд карда, бо шарофати дубли Идрис Ёров тавонист ҳисобро баробар кунад.

Дар бозии дигари гуруҳи «В» дастаи мунтахаби Ўзбекистон бар тими Непал бо ҳисоби 5:1 пирўз шуд.

11-уми апрел тими миллии Тоҷикистон бо Непал бозӣ кард. Дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 11:1 бар Непал пирўз шуд. Қисми якуми бозӣ бо голи Непал оғоз шуд ва бачаҳои Тоҷикистон низ як гол заданд. Бо ҳамин натиҷа қисми якум ба охир расид. Дар қисми дуюм футзалбозони Тоҷикистон 10 голи беҷавоб заданд. Дар ҳамин давр Ўзбекистон бо натиҷаи 5:1 Афғонистонро шикаст дод.

Дар даври сеюм футзалбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Ўзбекистон бо натиҷаи 2:5 шикаст хўрданд. Дар натиҷа бо чор имтиёз дар ҷадвал зинаи дуюмро соҳиб шуданд.

Дар ҳамин давр Афғонистон бо ҳисоби 8:1 Непалро мағлуб кард ва низ соҳиби чор имтиёз гардид, аммо зинаи сеюмро соҳиб шуд. Имтиёзи дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон баробар буд, аммо шогирдони Пайрав Воҳидов бо таносуби бештари голҳо дуюм шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Ўзбекистон ва Тоҷикистон аз гуруҳи «В» ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳҳат гирифтанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *