Ҳама барои ҳифзи ин сарзамин бикӯшем, то кушта нашавем!!!

Сунатулло Самадов барои аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ ҳамчун як қаҳрамони давру замон боқӣ хоҳад монд. Қаҳрамони пурорзуи даврони мо!

Дирӯз ҳич дар гӯшаи хотирам намеояд, ки чӣ рӯзе буда бошад. Аммо марги нобаҳангоми додари азизи ҷавонмаргам маро водор кард, ки дарди дили хешро бинвисаму мунга-мунгаҳо кунам.

Во дареғо, додари азиз, ки ҳанӯз гули боғи муродат, орзуву омолат, навҷавониву шукуфтанҳоят, рӯзи накӯро ба пуррагӣ надиданат, шаҳди меваҳои боғи падарро начашиданат, рӯзгори хешро фидои ин марзу бум карданҳоят маро ба танҳоӣ хоҳад кушт.

Ҷон додари азизу меҳрубону ғамгусори хонадон, намедонам, ки дидаи пуроби падарро чӣ сон ба тасвир бикашам. Оҳ, ҷигари сӯхтаву бирёни модарро чӣ сон бароят ифшо намоям… Оҳ, ҷони озурдаи тоҷик!!! Ту осуда бихоб!

Мо омодаем бо ҳар нафасе, ки бошад, ин хоку ин марзро сипар шавем. Сипар шавем, то ки пойи номубораки адутабори миллат ба он нарасад… Хайр, чӣ илоҷ, гуфтему чашм пӯшидем, забон зери дандон гирифтему хун гиристем, чашми сар бубастему чашми дилро боз кардем, то адутабори хешро бишносем…

Ва оҳе кашидем пурдарду пурсӯзу ҷигарбирёне. Ва имрӯз, ки туро зери анбори хок мегузоранду пас аз чанде фаромӯшат месозанд, маро ба пуррагӣ ҷон мегудозад. Ку додари банангу ору номуси ман?! Ту осуда бихоб, чун ту ҳарон чи аз дастат омад, кардӣ!

Навбати Марздориву Ватандорӣ манерову морову шуморост, ҳамватанони азиз!!! Ҳама барои ҳифзи ин сарзамин бикӯшем, то кушта нашавем!!!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *