Аз муштзӯрӣ то 1 ҳазли рӯзноманигор

Ёде аз устод Муборакшо Алимшоев

Устод Муборакшо Алимшоевро аз соли 1986-ум бо таъсис ёфтани рӯзномаи  “Коммунисти Шуғнон” мешинохтам. Ба ин рӯзнома журналистони соҳибихтисос ба кор ҷалб шуда буданд. Шукрона мегӯям, ки маро ҳам аз Ҷамъияти китобдӯстони шаҳри Хоруғ, ки ба ҳайси котиби маъсул кор мекардам, ба редаксия даъват карданд.

Устоди мо, сармуҳаррири рӯзномаи “Коммунисти Шуғнон” Муборакшо Алимшоев аҷаб як озодамарди донову инсондӯст буд. Дар ин рӯзнома, ки органи ду ҳукумат — ҳам шаҳри Хоруғ ва ҳам ноҳияи Шуғнон буд, кор кардан осон набуд. Редаксия бино ҳам надошт. Мо дар бинои газетаи “Бадахшон” мисли як меҳмони нохонда дар дохили матбааи бӯйнок фаъолият мекардем. Рӯзнома ҳафтае 5 ё 6 маротиба чоп мешуд. Ҳар рӯз хабару гузоришҳои тоза ба тоза менавиштем. Лавҳа, очерк аз ҳаёти одамони наҷиб…

Замоне солҳои бунёдкориву созандагӣ буд. Вале аз куҷое боди бозсозӣ вазиду корҳои эҷодиро андаке чигил кард. Пас аз ин, «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, ҷанги бародаркуш оғоз ёфт. Дигар ба қавле «саг соҳибашро намеёфт». Вале мо ҳар рӯз, мисли пештара рӯзномаро бо хабарҳои тоза ва ҳам мақолаҳои таскинбахш интишор мекардем.

Ҳар рӯз ба идораи рӯзнома модарони гирёну хоҳарони муштипар омада, дар бораи қурбонии фарзанд ва пайвандонашон бо сӯз нақл мекарданд. Мо бошем, ба ҷангҷӯён лаънату нафрат хонда, онҳоро ба фардои нек, ваҳдату осоиштагӣ умедвор мекардем.

Дар он солҳо бо талошу кӯшишҳои устод рӯзномаи «Коммунисти Шуғнон» дар вилоят яке аз расонаҳои иттилоотии муваффақ ба шумор мерафт. 

Баъдан, радиои маҳаллии «Инҷо Шуғнон» ташкил шуд. Студияи он аввал дар шуъбаи алоқаи шаҳр ва баъд дар утоқи кории ман ҷойгир шуд. Банда мудири шуъбаи ахбори радиои Шуғнон таъин шудам ва ҳам бо рӯзнома ҳамкорӣ мекардам. Аввалин шуда гӯшаи «Табрикот»-ро дар радиои Шуғнон ва ҳам рӯзнома ҷорӣ намудем, ки ин усул дар шароити бозсозиҳо ба идора манфиати бисёр меовард. Ҳамаи ин навовариҳо албатта тавассути роҳбарият ва кордонии хуби муҳаррир ба даст меомад.  

Редаксияи “Коммунисти Шуғнон” то соли 1986 иморат надошт, вале бо такопӯи устод Муборакшо Алимшоев соҳиби бино, як хонаи 4-ҳуҷрадори финӣ ки аз тахта сохта шуда буд, гардид. Ҳуҷраҳои хона тангу торик буданд. Бо ҳидояту ташкилотчигии устод боз 3 ҳуҷраи кориро бо сангдевор тариқи ҳашар худи кормандони редаксия сохтанд.

Рӯзе ҳангоми бомпӯш кардани бинои нав борони сахте сар зад. Мо занҳо Бону, Анор ва София ба сатилҳо гил пур карда ба бом, пеши мардҳо мекашондем. Ин усулро дар иморатсозии Шуғнон “ғӯрагил” мегӯянд. Ба борон нигоҳ накарда, мо корро ба хандаю шӯхӣ иҷро мекардем. Яке мебинам, ки лой ба сару рӯи Шогунӣ Назриев рехтааст. Ӯ хиҷолат кашида, гуфт, ки ҳозир рафта мешӯям. Ман ба шӯхӣ гуфтам, ки:

Мабандед ба собуну шампун умед,

Ки Шогун ба шустан нагардад сафед.

Дигар ҳама қаҳ-қоҳ хандиданд, зеро худи Шогун марди сиёҳҷурда буд.

Афсӯс, ки иморатро солҳои 90-ум муштзӯрон аз кашида гирифтанд. Ҳатто бо устод Муборакшо ҳам дастбагиребон шуда, “иморатро холӣ кунед, онро харидем” гуфтанд…

Бо ҳамин редаксия чандин моҳ аз кор бозмонд ва бо таъсиси ноҳияи Шуғнон ба мавзеи Поршнев кӯчонида шуд ва номи “Маърифати Шуғнон”-ро гирифт. Ҳоло редаксияи “Маърифати Шуғнон” дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон фаъолият дорад. Вале, гӯё ҷои устоди бузургвор Муборакшо Алимшоев дар он ҷо то ҳанӯз холист…

Гуляман АЛИЁРОВА, собиқадори матбуот, ш. Хоруғ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *