Беш аз 450 медал. Дастоварди варзишгарони Хатлон дар се моҳ

Давоми соли равон варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 450 медал ба даст овардаанд. Аз ин шумора 149 медали тилло мебошад.

 Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 22 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуданд.

Ӯ мегӯяд,ки  варзишгарон дар маҷмӯъ 452 медал ба даст овардаанд.

«Аз 452 медал, 149 медали тилло, 122 нуқра ва 181 медали биринҷӣ мебошад. Дастоварди варзишгарон дар соли равон, нисбати ба ҳамин давраи соли 2023-ум 13 медал зиёд мебошад».

Рамазон Насриддинзода афзуд, ки сол то сол шароити машқу тамрин барои варзишгарон дар вилояти Хатлон беҳтар шуда истодааст. Мо дар оянда аз варзишгарони худ аз ин ҳам дастоварди зиёдро интизорем”,-таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *