Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Дӯстӣ иваз шуд

Зубайда Маҳмадназарова мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Шаҳноза Маҳмадсаидзодаро иваз кардааст.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj хабар доданд.

Ин тағйирот дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми кишвар сурат гирифтааст. Зубайда Маҳмадназарова то расидан ба мансаби нав, мутахассиси шуъбаи маориф дар ноҳияи Дӯстӣ буд.

Ӯ дар ин мансаб, Шаҳноза Маҳмадсаидзодаро иваз кард. Шаҳноза Маҳмадсаидзода ҳанӯз феврали соли равон, аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ озод шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *