Шибит — давои дарди шикам

Ҳамарӯза мо дар таомҳо шибит ҳамроҳ мекунем, вале дар мавриди хосиятҳои табобатии он андеша намекунем.

Дар таркиби шибит равғани эфир, селлюлоза, флавоноидҳо, равған, шакар, каротин ва моддаҳои азот мавҷуданд. Шибит бӯйи тез дорад. Он ба таом маза ва ороиш дода, иштиҳоро мекушояд.

Шибити хушкро бо дигар гиёҳҳо омехта карда, зиравориҳо месозанд, аз тухмиҳо барои хушбӯй кардани чой ва сирко истифода мебаранд.

Ин кабудӣ хусусиятҳои сафровӣ ва пешобронӣ дорад ва бо илтиҳоби масона ва бемориҳои гурда самаранок мубориза мебарад. Он дар муддати кӯтоҳ бедорхобӣ ва дарди сарро бартараф мекунад. Дамламаи шибит хусусияти васеъ кардани рагҳо ва паст кардани фишори хунро дорад.

Дар тиби қадим занон барои давои дарди шиками фарзандон аз тухми шибит истифода мебурданд. Зеро, тухми шибит барои тоза кардани рӯда аз гиҷҷаҳо самара медиҳад. Барои ин шибити хушккардаро майда карда, як қошиқ дар дили наҳор истеъмол мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *