Ҳамадонӣ. 158 қонуншиканӣ вобаста ба замин

Давоми соли равон, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 158 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст.

Саъдӣ Мирзоев, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, 158 сокини ноҳия қонунгузории заминро вайрон кардаанд. Ӯ мегӯяд, тибқи талаботи кодекси ҳуқуқвайронкунии замин нисбати сокинони қонуншикан 52 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.
“Вобаста ба ин масъала 22 мавод ба пракуратура пешниҳод карда шуд. Аз 158 нафаре, ки талаботи кодекси ҳуқуқвайронкунии заминро риоя накардаанд, нисбати як нафар барои ғайриқонунӣ ишғол кардани замин ва худсарона сохтмони хона парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *