Манучеҳр тими худро иваз кард
Ҳимоятгари мунтахабҳои миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров ба тими “Нефтчӣ”-и Фарғона гузашт.
Дар ин бора сомонаи бошгоҳи Фарғона хабар дода, гуфтааст, ки бо бозигар шартномаи дусола бастанд.
Дасти ахири Сафаров “Локомотив”-и Ӯзбекистон буд, ки дар он 13 бозӣ анҷом додааст ва ба задани як гол даст ёфтааст.
Ӯ қаблан дар дастаҳои “Барқчӣ”, “Хуҷанд”, “Локомотив-Помир”, “Истиқлол” ва “Персеполис” ҳунарнамоӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ