Ҳамхобагӣ рӯзи муайян дорад?
Аз дидгоҳи ислом кадом рӯзҳо барои ҳамхоба шудан бо ҳамсар хуб аст? Баъзеҳо мегӯянд, ки рӯзи якшанбе мумкин нест, аз нигоҳи баъзе рӯзҳои душанбе ё чоршанбе ҳамхобагӣ мамнуъ аст. Дақиқашро аз шумо шунидан мехоҳам.
Мирзораҷаб АШӮРОВ, ноҳияи Рашт
Посух:
Аз нигоҳи дини мубини ислом ҳамхоба шудан бо ҳамсар рӯз ё соати муайян надорад, фақат дар рӯзҳои ҳайз ва нифоси зан, инчунин дар рӯзҳои моҳи рамазон ва рӯзҳои ҳаҷ барои шахси муҳрим манъ аст. Ҳамхобагӣ аз ҷумлаи асрори хонаводагӣ буда, ба табиати марду зан вобаста аст. Дар кадом рӯзе, ки хоҳиш бошад, ягон маҳдудият надорад, Зан, агар узре надошта бошад, бояд аз оғӯши шавҳараш нагурезад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ