Боварии Мане ба ғолибияти Бензема

Дар саҳифаи фейсбукии “Матч ТВ”, ки одатан хабарҳои хурдро дар шакли сурат нашр мекунанд, бо нашри як сурати футболбози фаронсавӣ ва ҳавлавари бошгоҳи “Реал Мадрид” Карим Бензема суханони футболбози машҳур Садио Манеро овардаанд.

— Ростӣ, фикр мекунам, ки Карим имсол барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” арзандааст. Ӯ мавсимро бисёр хуб ҷамъбаст кард, дар Лигаи чемпионҳоро ғолиб омад. Шахсан ман хурсандам аз ин муваффақиятҳои ӯ,- мегӯяд Садио.

Ҳамчунин, дар шарҳи сурат масъулини саҳифа менависанд, ки ҳатто рақиби асосии Карим Бензема барои ғолиб омадани ӯ боварӣ дорад, ки соҳиби “Тӯби тиллоӣ” мегардад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *