латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Саг

Муаллимаи биология аз толибилмон мепурсад:

– Бачаҳо, себро кай ғундоштан лозим аст?

Парвиз меяд:

– Моҳи август!

Мадина мегӯяд:

– Моҳи сентябр.

Далер мегӯяд:

– Вақте ки саг баста бошад!

Нафақа

Марде аз рафиқонаш мепурсад:

– Шумо ба ман фаҳмонед, ки барои чӣ духтури ҷарроҳ бояд дар синни 65 ба нафақа барояду корманди БДА дар 43-солагӣ?

Рафиқонаш мегӯянд:

– Барои он ки баъди 43-солагӣ корманди БДА дар мошин намеғунҷад.

Карамшӯрбо

Дар таваллудхона аз зани ҳомиладор мепурсанд:

– Хоҳар, шумо ба наздикӣ таваллуд карда будед, боз ҳомиладор шудаед. Магар баъди таваллудхона дарҳол ба бистари хоб даромадед?

Зан мегӯяд:

– Не, ман аввал карамшӯрбо пухтам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *