Ҳамлаи модар бо корд ба писари худ
Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо модараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, модараш ӯро таҳдиди куштан намуда, бо корди ошхонагӣ ба даст ва пушташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ