Сӯхтор дар Хоруғ чор хонаро аз байн бурд

Дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ дирӯз сӯхтор ба амал омадааст.

Дар пайи сӯхтор чор хонаи истиқоматӣ хароб гардида, сокинони маҳаллӣ ва оташнишонҳо тавонистаанд, аз паҳншавии он ба манзилҳои дигар ҷилавгирӣ намоянд.
Таъкид шудааст, ки бар асари сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сабаби сӯхтор расиши ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мегардад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ва хисороти он феълан шарҳ надодаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *