Ҳамсари “Абу Довуд” ба Русия супурда шуд. Модараш чӣ мегӯяд?

Мадина Бондаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов, ки дар сафи ДИИШ бо номи Абу Довуд машҳур буд, аз Тоҷикистон ба Русия супурда шуд. Ӯ тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ бо шавҳару кӯдаконаш аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Парвиз Саидраҳмоновро охири соли гузашта Суди шаҳри Душанбе бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот истирдоди ҳамсари ӯро ба Русия расман тасдиқ накардаанд, вале Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бондаренко рӯзи 13-уми майи соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо духтараш се ҳафта пеш дар боздоштгоҳе дар Осетияи шимолӣ суҳбат кард.

“Нисбат ба духтарам барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ва пайвастан ба ин созмон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Духтари маро бо фиреб бурда буданд. Ман адвокат гирифтам ва ҳоло кӯшиш дорам, ки бегуноҳии духтарамро исбот кунам”,- гуфтааст ӯ.

Мадина Бондаренкоро ҳамроҳ бо чор кӯдак ба Тоҷикистон истирдод карда буданд. Оксана Ҷейлиева мегӯяд, ки се кӯдак аз духтараш буд ва кӯдаки чорум аз ҳамсари тоҷикаш Парвиз Саидраҳмонов будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *