ШОН МС

Собиқ рэпсаро саҳнаҳои тарбиявӣ нашр мекунад

Шаҳбоз Шарипов, ки чанд муддат қабл бо тахаллуси Шон МС рэп мехонд ва яке аз сермухлистарин рэпсарҳои тоҷик маҳсуб меёфт, дар “Ютуб” саҳифаи нав бо номи “Архимед ТЧ” фаъол карда, ба таҳияву нашри наворҳои тарбиявӣ машғул аст.

Собиқ рэпсаро ва ҳоло блогер Шаҳбоз Шарипов ҳафтаи гузашта аввалин навори тарбиявиашро дар асоси ҳикояи маъруф, ки нафаре аз аҳволи дӯсти ҷониаш бехабар аст, бо номи “Аҳволи дӯст” нашр кард.

Мазмуни саҳна ҳамин аст, ки ҷавоне назди дӯсташ омада, 1000 сомонӣ қарз мехоҳад. Пас аз он бо димоғи гирифта, дар кунҷи хона мешинад ва ин ҳолатро ҳамсараш дида мегӯяд, модоме ки пул барои худатон лозим буд, чаро қарз додед? Ҷавон бошад, мегӯяд, ғамгиниам барои пул не, балки барои аз аҳволи дӯстам бехабар будан аст. Ёдовар мешавем, ки чанд муддати охир чунин наворҳои тарбиявӣ дар интернети тоҷикӣ ниҳоят зиёд шудаанд ва тамошобини хеле зиёд ҳам доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *