Посухи «Алиф Бонк» ба мақолаи «Алиф Бонк» Тоҷикистони исломӣ мехоҳад?»

Посухи «Алиф Бонк» бе таҳрири идораи ҳафтанома чоп шудааст.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф бонк” (минбаъд дар матн — Бонк) эҳтироми худро баён намуда ёдовар мешавад, ки санаи 21 майи соли 2022 дар саҳифаи pressa.tj / alif-bonk-tojikistoni-islomi-mehoxad/ мақолаи бо номи “”Алиф Бонк” Тоҷикистони исломӣ мехоҳад?” паҳн гардидааст, ки ҳуқуқҳои Бонкро куллан поймол менамояд.

Оғоз менамоем аз сарлавҳаи саволии мақола ”Алиф Бонк” Тоҷикистони исломӣ мехоҳад?”, ин савол мантиқан нодуруст мебошад, чун мақсади Бонк ба роҳ мондани фаъолияти бонкии исломӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аст, ки аз 26 июли соли 2014, таҳти №1108 қабул гардидааст. Масаъалаи дигар ин банери дар сомона ҷой дода шуда, ки:

— акси зани ҳиҷобпуш инъикос ёфтааст. Ин маълумот миёни хонандагон ва муштариёни Бонк табъизро ба вуҷуд оварда ба шаъну эътибори кории Бонк таъсири манфӣ расонидааст. Банди 6, моддаи 174-и Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд”. Бонк новобаста аз нияти гирифтани иҷозатномаи фаъолияти бонки исломӣ то ҳол боре тафриқаандозӣ ва табъизро дар рекламаҳои худ роҳ надодааст.

-тамғаи молии Бонк бе иҷозати Бонк истифода шудааст. Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ “Ягон шахси воқеъӣ ё ҳуқуқӣ ҳуқуқ надорад, ки тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро бе иҷозати соҳибҳуқуқ истифода барад”. Қисми 1, моддаи 377-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои истифодаи ғайриқонунии нишонаи моли бегона, нишонаи хизматрасонӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва номи фирмавӣ”, ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима пешбини намудааст.

-матни амалиётҳои манъшудаи Бонкиро реклама кардааст. Банери мазкур ба хонанда тавре расонида шудааст, ки гуё ин рекламаро Бонк паҳн кардааст. Дар воқеъ рекламаи мазкур тариқи банер бе огоҳони ва розигии Бонк паҳн гардидааст. Бонк бевосита дар сомонаи расмии худ http://Salom.alif.tj руйхати тамоми молу хизматрасониҳоро қайд намудааст инчунин руйхати хизматрасониҳое, ки манъ шудаанд. Дар умум хизматрасониҳои манъ шуда 0,98% хизматрасонии Бонкро ташкил медиҳанд ва 99% хизмтрасониҳои дигари Бонк ба мизоҷонаш бевосита дастрасанд. Ҳафтаномаи ё муаллифи он метавонистанд ба сомонаи Бонк истинод намояд, лекин чунин карда нашудааст, ки шаҳодат аз бе мувофиқанамоӣ бо Бонкро медиҳад.

Одил Нозир муаллифи мақола бидуни риояи зербандҳои 2,3,6,8 моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки ӯҳдадориҳои журналистро муайян мекунад аз ҷумлаи:

-саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад; (зербанди 2)

-пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд; (зербанди 3)

-ҳуқуқ озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад; (зербанди 6)

-воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои туҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад. (зербанди 8)

Амал намудааст, масалан:

-сарлавҳаи дигаре, ки дар мақола хитобан истифода шудааст “Али исломӣ мешавад!” нопурра, мазмунун коста ва таҳқиромез дарҷ гардидааст, гуё Бонк амалеро анҷом дода истода бошад, ки хилофи қонунгузори бошад. Ёдоварӣ! 26 июли соли 2014, таҳти №1108 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул гардидааст ва тамоми амлҳои Бонк мувофиқи ин ва дигар қонунҳо мебошад.

-матни сархати чоруми мақола, аз ибрози таҳқиромезонаи бархе аз пурсишшудагон нашр шудааст. Назди Бонк савол ҳаст, ки чаро танҳо тарафи манфиро ба чоп расонида бошанд? Магар ин дуруст аст? Бонк низ дар ҳамин мвзуъ бо мизоҷони худ дар робита қарор дошт, вале бештари мизоҷон Бонкро дастгирӣ мекарданд.

-дар сархати панҷуми мақола дарҷ шудааст, ки гӯё роҳбарияти Бонк бо хабарнигорони “Ҳафтаномаи Тоҷикистон” ҳамсуҳбат шуда, оид ба шарҳ додани мавзуъи гузариши Бонк ба фаъолияти бонки исломӣ изҳор намуда бошад. Дар воқеъ касе аз роҳбарони Бонк бо хабарнигорони “ҲафтаномаиТоҷикистон” ҳамсуҳбат нашудаанд. Бонк ҳатто метавонад аз руи вақт ва сана зангҳоро барои исбот тафтиш намуда барояд.

Маълумоти паҳн шулда бе шубҳа шаъну шараф ва эътибори кории Бонкро паст задааст, бинобар ин Бонк аз Ҳафтаномаи Тоҷикистон талаб менамояд, ки тариқи ҳамон воситаҳои ахбори умум маълумоти паҳн шударо рад намуда, маълумоти саҳеҳро ба хонандагон дар таҳрири нав пешниҳод намоед.

Дар акси ҳол Бонкро зарур меояд, ки бо асосҳои боло зикршуда раванди қонунии масъаларо ба роҳ монад.

Далер Каримов,

и.в. муовини раис

Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат. Посухе, ки беш аз 70 хатои имлоӣ дорад.
Аз шарҳи ҷумлаю ибораҳо ва мантиқи пойдарҳаво худдорӣ мекунем

Ҳар суханро ҷоеву ҳар нуктаро мақоме

Албатта, идораи «Тоҷикистон» метавонист ба ин посухи иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси «Алиф Бонк», ки хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат аст, посух нагӯяд. Вале ду пойро дар як мӯза зер карда, ҷавоб талаб кардани бонк водор сохт, ки ба ин амал даст занем.

Зеро бе шарҳ мондани матни бе сару по маънои ба гумроҳӣ андохтани хонандаро дорад. Албатта, беш аз 70 ғалати имлоии дар як матни кӯтоҳи посухи бонк ҷойдоштаро як сӯй мегузорем. Ҳарчанд он беэҳтиромӣ ба забони давлатист. Аз шарҳи ҷумлаю ибораҳо ва мантиқи пойдарҳаво худдорӣ мекунем. Ҳарчанд месазад, ки нигоҳе ба онҳо аз назари мактаби мантиқи профессор Шамсиддинов андохта шавад.

«Алиф Бонк»-ро «Тоҷикистон» бонки фурӯғи субҳи ҷавонӣ медонад, ки бо кору пайкори худ IT-технологияро дар низоми бонкӣ ворид намуданаш падидаи тозаест. Дар ин бора мақолаю гузоришҳо ҳам чоп кардааст.

Вале мисли ҳар сухану нукта ҳар “падида” ҳам ҷою мақом дорад. Ба “падида” касе ҳуқуқ намедиҳад, ки эътиқоди динии мардумро ба манфиат ва мақсади ниҳонии худ истифода намояд. Шояд «Алиф Бонк» мехоҳад ба фаъолияти бонкии исломӣ гузарад, шояд мехоҳад равзанаи бонкии исломӣ дошта бошад. Аммо чунин нест, зеро иҷозатнома надорад. Ҳатто масъулини он шахсиятҳои вазнашон ба андозаи вазни санги осиёб бошанд ҳам, ҳуқуқ надоранд хилофи “Қонун дар бораи Бонки миллӣ”, ки Маҷлиси  Олӣ қабул карда ва Президент имзо гузоштааст, амал кунанд.

Шумо дар посухатон ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз бемантиқӣ ҳарф зада, заҳмати зиёд кашидед ва се варақро сиёҳ кардаед.

Чун мантиқ таҳкурсии фаъолияти бонкист, биёед аз он ҳарф мезанем. Шумо дар бисмиллоҳи посухатон аз таърихи 6-уми майи соли 2022 менависед:

“Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” (минбаъд дар матн — Бонк) эҳтироми худро баён намуда ёдовар мешавад, ки санаи 21 майи соли 2022 дар саҳифаи pressa.tj / alif-bonk-tojikistoni-islomi-mehoxad/ мақолаи бо номи “”Алиф Бонк” Тоҷикистони исломӣ мехоҳад?” паҳн гардидааст, ки ҳуқуқҳои Бонкро (ред.: кадом ҳуқуқҳо?) куллан поймол менамояд”(айнан).

Замоне, ки як бонки аз нигоҳи мардум муътабар ба идораи рӯзнома мактуб, ё посух менависад, бояд аз мантиқи зикркардаи шумо кор гирад, варна муштарӣ ҳам ба андеша меравад, ки ай, вой, ман бо чӣ гуна бонкире сарукор гирифтам!? Шумо дар номаатон аз таърихи 6 майи соли 2022 дар мақолае менависед, ки гӯё 21 майи соли 2022 чоп шуда бошад. Ҳол он ки, мақола таърихи 21-уми апрели соли 2022 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj чоп шудааст. Ку мантиқ? Ё “далел” меоред, ки баъди имзои шумо дар варақи сафед котиба ба чунин хатое роҳ додааст? Тасаввур кунед, барои гирифтани қарз ба мизоҷе ба ҷои 1 миллион 10 миллион навиштед. Оқибаташ чӣ мешавад?

Ин бисмиллоҳи посух ба посухи шумо буд. Чун “Алиф Бонк” хоҳиши ба низоми исломӣ гузаштан дорад, раҳмони раҳимашро ҳам фаромӯш намекунем.

Дар Тоҷикистон низоме ҷорист, ки онро Қонуни асосии ҶТ роҳандозӣ мекунад, дар бонкҳо низоми ягонае ҳаст, ки онро нисбати бонкҳои анъанавӣ ва исломӣ “Қонуни Бонки миллии Тоҷикистон” муайян мекунад. Пас, агар шумо ва дар шахси шумо “Алиф Бонк” эҳтироме ба қонун дошта бошад, чаро пеш аз пода чанг мехезонед? Ҳанӯз иҷозатномаи Бонки миллиро нагирифта, эълон мекунед, ки низоми бонки исломиро ҷорӣ мекунед. Ҳол он ки, “Алиф Бонк” на бонки исломист ва на равзанаи бонки исломиро дорад. Аммо дар сомонаи бонки шумо матни зерин ба забони русӣ чоп шудааст, ки исботи “мусичаи бегуноҳ” будани бонкро собит месозад. Онро айнан иқтибос меорем:

Бубинед, шумо дар банди аввал навиштаед, ки мутобиқи қонуни шариат дар корти visa — Алиф маҳдудиятҳо барои гузаронидани транзаксия (муомилот) ҷиҳати пардохти молу хизматрасониҳо ҷорӣ шудааст ва рӯйхати онҳоро зикр кардаед.

Албатта, мувофиқи қонун ҳеҷ кас ҳуқуқи бонкро дар мавриди анъанавӣ ё исломӣ будан манъ карда наметавонад. Вале як нукта барои мо норӯшан аст: агар бонки исломӣ марбути давлатҳои исломӣ ва маблағаш аз хориҷа ворид гашта бошад, ин нукта фаҳмост. Вале “Алиф Бонк” — ку тоҷикист ва ҳанӯз Тоҷикистон исломӣ нест. Ё ин бонк хориҷист ва бо маблағҳои аз хориҷа омада бунёд шудааст?

Ин кори дохилии ”Алиф Бонк” аст ва “Тоҷикистон ”-ро ба он ғаразе нест.

Аммо “Алиф Бонк” иҷозатномаи Бонки миллиро надорад, вале дар корташ низоми Шариат (исломӣ)-ро ҷорӣ кардааст. Ку мантиқ?!

Шумо менависед, ки дар мақола “акси зани ҳиҷобпуш инъикос ёфтааст. Ин маълумот миёни хонандагон ва муштариёни Бонк табъизро ба вуҷуд оварда ба шаъну эътибори кории Бонк таъсири манфӣ расонидааст”.  

Аҷаб мантиқе! Шумо дар сомонаи бонк дар мавриди истифодаи корти visa қонуни шариат (ислом) тадбиқ мекунед, вале истифодаи акси як занро дар либоси мусулмонӣ табъиз (дискриминация, анг. discrimination) меҳисобед. Шояд маънии калимаи табъизро бароятон нодуруст шарҳ доданд? Агар аз эътиқоди мардуми мусулмон истифода бареду либоси мусулмониро қабул надошта бошед, ҳадаф аз гузаштан ба низоми исломии бонкдорӣ дар чист?

Ку мантиқ?!

Шумо менависед, ки “тамғаи молии Бонк бе иҷозати Бонк истифода шудааст…”. Аммо намегӯед, ки ба кадом мақсад: манфиат бардоштан, аз номи шумо ба фаъолияти бонкӣ машғул шудан, тарғиби фаъолият… ё мушаххас кардани бонке, ки дар борааш дар мақола сухан меравад? Ба иштибоҳ андохтани муштарӣ дар ислом гуноҳ аст. Бояд хонанда донад, ки сухан дар бораи кадом бонк меравад. Нишони фарқкунандаи бонк тамғаи он аст. Ва истифода аз он ба он хотир сурат мегирад, ки хонанда донад, ки сухан дар бораи кадом бонк меравад.

Инро бояд шуъбаи ҳуқуқ ва маркетинги бонк хуб донад! Агар надонанд, рӯзнома метавонад дар шумораи оянда дар бораи истифодаи тамғаи молӣ мақолае омода кунад ё мусоҳибаеро бо мутахассиси соҳа анҷом диҳад. 

Зимнан, шумо зикр мекунед, ки ”-дар сархати панҷуми (?) мақола дарҷ шудааст, ки гӯё роҳбарияти Бонк бо хабарнигорони “Ҳафтаномаи Тоҷикистон” ҳамсуҳбат шуда, оид ба шарҳ додани мавзуъи гузариши Бонк ба фаъолияти бонки исломӣ изҳор (?) намуда бошад. Дар воқеъ касе аз роҳбарони Бонк бо хабарнигорони “Ҳафтаномаи Тоҷикистон” ҳамсуҳбат нашудаанд”.

Албатта бад аст, ки хоҳиши рӯзномаро пазируфта, ҳамсуҳбат нашудааст, мусоҳиба наоростааст. Аммо хабарнигор қабл аз омодасозии матлаб ба шумораи телефоне, ки дар сомонаи “Алиф Бонк” ҳаст, занг зада, шарҳи расмӣ пурсид, вале хонуме (масъуле) дар посух гуфтааст, ки роҳбарияти бонк вақти суҳбат надорад, баъдтар ба доираи васеи хонандагон шарҳ хоҳад дод. Чунин аст асли воқеа. Чунин ҳам шуд, ки шарҳ дода шуд, аммо на ба “Тоҷикистон”. Худ қазоват кунед, ки айб дар ош аст ё мош?!

Дар мақола тарафҳои мусбати фаъолияти “Алиф Бонк” ҳам зикр ёфтааст. Аммо шумо шояд дониста, онро сарфи назар кардед. 

Боз ҳам рӯй меорем ба посухи шумо, ки дар он зикр кардаед: “сарлавҳаи дигаре, ки дар мақола хитобан истифода шудааст “Алиф исломӣ мешавад!” нопурра, мазмунун коста ва таҳқиромез дарҷ гардидааст, гуё Бонк амалеро анҷом дода истода бошад, ки хилофи қонунгузори бошад.”

Аввалан, ин ҷумла сарлавҳа не, зерсарлавҳа аст. Дигар, куҷои он нопурра, коста, таҳқиромез мебошад? Хоҳиш, бори дигар ҳамин бандро шарҳ диҳед! Вақте, ки бонк низоми бонкии исломиро қабул кард, маълум аст, ки бонки исломӣ мешавад. Ё аз нигоҳи шумо ҳамчун бонки маъмулӣ боқӣ мемонад? Агар исломӣ шуданро ба худ таҳқир донед, пас чаро ин низоми бонкиро интихоб мекунед? Мехоҳед бо як тир ду нишон занед?

Дар охири посух пешниҳоде кардаед, ки боз ҳам моро ба мантиқи мактаби профессор Шамсиддинов мебарад, ки аз ӯ баҳои мусбат гирифтан кори осон набуд:

“Маълумоти паҳн шуда бе шубҳа шаъну шараф ва эътибори кории Бонкро паст задааст, бинобар ин Бонк аз Ҳафтаномаи Тоҷикистон талаб менамояд, ки тариқи ҳамон воситаҳои ахбори умум маълумоти паҳн шударо рад намуда, маълумоти саҳеҳро ба хонандагон дар таҳрири нав пешниҳод намоед” (айнан).

Инак, мо маълумоти саҳеҳро, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон чоп шудааст, пешниҳод мекунем.

Вобаста ба маҳдудиятҳои ҶСК “Алиф Бонк” тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба манъи хизматрасонии баъзе мол ва маҳсулоти (тавассути корти Visa) тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки тавассути сомонаи расмии ҶСК “Алиф Бонк” эълон шуда, дар васоити ахбори омма сарусадоҳои зиёдеро ба миён овард, чунин иттилоъ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 31.03.2022 дар кишвар 1 адад бонки исломӣ ва 2 адад равзанаи бонкии исломӣ фаъолият карда истодааст. Аз он ҷумла, аз моҳи сентябри соли 2019 ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба даст овард. Дар оғози соли 2020 бошад, ба ҶСК ТАҚХ “Ҳумо” ва ФҚХ “Имон” барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуд.

Ба маълумот мерасонем, ки ҶСК «Алиф Бонк» 28.10.2021, №1205 ба Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба оғоз намудани ҷараёни табдилёбӣ аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳо дархост ирсол намуд. Дархости ҶСК «Алиф Бонк» мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои бартараф намудани баъзе аз норасоиҳо бастаи ҳуҷҷатҳо баргардонида шуд.

Санаи 18.04.2022 дар сомонаи ҶСК “Алиф Бонк” ба таври расмӣ оид ба маҳдудиятҳо маълумот ба нашр расонида шуд, ки дар воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани посухҳои асоснокшуда бо мактуб (20.04.2022, №05-417) ба ҶСК “Алиф Бонк” муроҷиат намуда, вазифадор намуд, ки Бонк вобаста ба асоснокӣ ва сарчашмаи маҳдудиятҳои гузошташуда нисбат ба баъзе мол ва хизматрасониҳо дар муддати кӯтоҳи вақт маълумоти мушаххас ирсол намояд.

Тавре дар мактуби ҷавобии ҶСК “Алиф Бонк” омадааст, роҳбарияти Бонк бо назардошти вазъи бозор ва эътирози баамаломадаи мизоҷон нисбат ба маҳдудиятҳои эълоннамудаи ҶСК “Алиф Бонк”, масъалаи мазкурро бо Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии худи ташкилот мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа, роҳбарияти ҶСК “Алиф Бонк” ва Кумита ба мувофиқа омаданд, ки бинобар ғайриимкон будани таъмини назорати ҳамаҷонибаи мутобиқатии амалиётҳои дар поён овардашуда бо принсипҳои маблағгузории исломӣ, риояи маҳдудият аз рӯи амалиётҳои мазкур ба зиммаи худи мизоҷон гузошта шуда, маҳдудият аз рӯи амалиётҳои зерини қаблан эълоншуда аз байн бардошта шавад:

• мағозаи асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо;

• гуруҳҳои оркестрӣ ва ҳунармандони гуногун;

• фурӯши суғуртаҳо, андеррайтинг ва пардохтҳои суғуртавӣ;

• мағозаҳои маҳсулотҳои динӣ.

Гузаронидани амалиётҳои пардохтии дигар молу хизматрасониҳо, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба танзим дароварда мешавад.

P.S. Ба идораи “Тоҷикистон” номаҳои зиёде ба иртиботи мақолаи мазкур ворид шудаанд. “Тоҷикистон” тасмим дорад ин мавзӯро идома диҳад ва ба саволҳои дигаре, ки нисбати “Алиф Бонк” ворид шудаанд, ҷавоб пайдо кунад. Рибо дар бонкҳои исломӣ ва равзанаҳои исломии бонкҳои Тоҷикистон низ мавриди тадқиқоти ҳафтаномаи “Тоҷикистон” қарор хоҳад гирифт.

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *