Тоҷикистон: Ҷалби 29,9 млн евро грант дар доираи лоиҳаҳо

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия Андреaс Протманн, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати Помир Энерҷӣ маросими баимзорасонии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ва «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо («Гиранда»), Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати Помир Энерҷӣ («Иҷрокунандаи лоиҳа»)» баргузор гардид.

Бино ба иттилои вазорат, дар маҷмуъ дар доираи лоиҳаҳои мазкур 29,9 млн евро грант ҷалб карда шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 12,5 млн евро барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст, ки он барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) ба маблағи 11 млн евро ва барои ба охир расонидани сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитон (шаҳри Ваҳдат) 1,5 млн евро равона мегардад.

Ҳамзамон, Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17,4 млн евро барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад. 

— Қайд бояд кард, ки Шартномаи мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай расмиёти дохилидавлатиро гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *