Нони қоқ доред? Баъзе мехӯранд, бархе мефурӯшанд

Бо баланд рафтани нархи орд ва маҳсулоти нонӣ, сабади истеъмолии сабуки тоҷики камбағал сабуктар мегардад. Мардум бонги изтироб мезананд, оилаҳои серфарзанд ба ташвиш мефтанд, аммо нон — ин неъмати бебаҳоро хор мекунем. Чаро?!

Ҳар рўз фавҷи ҷўгиҳои нони қоқталаб аз ноҳияҳои атрофи пойтахт вориди шаҳри Душанбе мешаванду бегоҳ бо халтаҳои пур аз нони қоқ ба манзилашон бармегарданд. Ҳар рўз даҳҳо нафар намояндаҳои ин қавм бо суоли «нони қоқ доред?» занги дари сокинони пойтахтро пахш мекунанд ва дар аксари ҳолатҳо «бенасиб» намемонанд. Боре аз як гуруҳ занҳои ҷӯгӣ, ки дар ҳавлии бинои истиқоматамон нонҳои ҷамъовардаашонро ғарам карда буданд, пурсидам, ки ин қадар нони хушкро чӣ мекунед? Яке аз онҳо гуфт:

— Нонҳоро ба хона бурда, ба навъҳо ҷудо мекунем, тозатарҳояшро истеъмол мекунем, пупанакзадаҳояшро ба чорво медиҳем. Касоне, ки чорво надоранд, онро ба шахсони чорводор мефурўшанд. Мо қариб ки нон намепазем…

Яъне мо, ин қадар соддаем, ки азоб кашида кор мекунему як халта ордро 380-400 сомонӣ харида, аз фарти бадхарҷӣ онро хушк карда, фоидаи ҷўгиҳо мекунем?! Ин амали ношоиста солҳост, ки дар пойтахт идома дорад. Солҳои пеш мардум сарфакор буданду дар фарҳанги мо нон эҳтироми баланд дошт. Аммо аз чист, ки имрўзиҳо анъанаву урфу одати ниёгонро аз ёд бурда, ба нон беэҳтиромӣ мекунанд.

Нонро муқаддас шуморидан аз он ҷост, ки он қуввату мадори одамизод аст. Дур намеравем, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардум чӣ қадар азоб кашиданд… Бинобар ин, сарфакор бояд буд.

Дар ин росто бонувон нақши калидӣ доранд, бояд онҳо сарфаву сариштакориро дар ҷойи аввал гузоранд. Мушоҳида мешавад, дар деҳоти кишвар ҳам ба киштукори ғалладона, ки метавонад як соли дароз як оиларо бо орд таъмин кунад, саҳлангорӣ мекунанд. Пули бо сад азоб дар муҳоҷират ба даст овардаи ҳамсару фарзандони хешро беҳуда харҷ мекунанд.  Дар ин даврони буҳрони шадиди иқтисодӣ бояд ба ҳар як дирами ба буҷаи оилаамон дохил мешуда муносибати сарфакорона дошта бошем.

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *