Ноиби губернатори Санкт-Петербург дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Олег Эргашев, ки худ табиб аст, бо ҳамроҳии мутахассисони соҳаи тиби шаҳри мазкур ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ташриф овард.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои боздид ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо пизишкони тоҷик суҳбат карда, инчунин бо фаъолияти шуъбаи ангиографияи маҷмаа шинос шудааст.

Номбурда бо табибони тоҷик оид ба усулҳои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла стентмонии рагҳои хунгард мубодилаи афкор намуда, ҷонибҳо зимни суҳбат вобаста ба табобати бемории мағзи сар низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Дар маҷмуъ, меҳмонон ба фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва дастгоҳу таҷҳизоти утоқи ҷарроҳии ин муассиса баҳои баланд дода, афзудаанд, ки дар ин ҷо имкони табодули таҷриба миёни табибони шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург мавҷуд аст.

Инчунин, дар маҷлисгоҳи маҷмаа бо иштироки табибони Санкт-Петербург ва ҷарроҳону неопаталогҳои шаҳри Душанбе дар мавзуҳои “Ҷарроҳии дил” ва “Нигоҳубини навзодон” семинар-машварати омӯзишӣ доир гардидааст.

— Бояд зикр намуд, ки яке аз бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2026 — ин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *