Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар барномаи таълимии Русия
Русия мавзуи ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар барномаи таълимии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дохил кард.
Бино ба иттилои РИА “Новости”, мавзуи кори бесарнишинҳо барои хонандагони синфҳои 10-11 таълим дода мешавад. Дар барномаи таҳсил гуфта мешавад, ки муҳассилин бояд дар бораи усулҳои истифодаи ҷангии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва иктишоф тасаввурот дошта бошанд. Инчунин, ба талабагони синфҳои болоӣ алгоритми кори бесарнишинҳои ҳариф омӯзонида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Русия Владимир Путин дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Армия-2023» ба мавзуи бесарнишинҳо низ таваҷҷуҳ карда буд. Ба гуфтаи Путин, ин самт ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам дар бахши шаҳрвандӣ фаъолона рушд мекунад. Путин изҳор дошт, ки бозори маҳсулоти зеҳни сунъӣ дар кишвар дар ҳоли густариш аст ва ба масъалаи бесарнишинҳо таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ