Коргардони муваффақ Муҳаббат Сатторӣ даргузашт

Коргардони муваффақи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Муҳаббат Сатторӣ коргардони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, директори Ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо”, коргардон-таҳиягари филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюссер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) буд.

Мавсуф аълочии фарҳанг, телевизион ва радио ва кинематографияи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj аз даргузашти бармаҳали коргардони маҳбуб андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *