Тӯфони шадид дар Макка. Шамол одамонро аз пой меафтонад (видео)

Дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ тӯфони шадид ба амал омад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои одамоне паҳн шуд, ки бар асари шамоли сахт ба по истода наметавонанд.

Дар наворҳое, ки дар шаҳри муқаддаси мусулмонон — Макка гирифта шудаанд, одамонеро дидан мумкин аст, ки аз “офатҳои хашмгин” пинҳон шудан мехоҳанд. Баъзе наворҳо инчунин аробаҳо ва ашёи дигареро нишон медиҳанд, ки шамол тавассути кӯчаҳо мебарад.

«Шамол одамонро мебарад, ашёҳои металлиро чаппа мекунад: навори тӯфон дар Арабистони Саудӣ. Навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Дар бораи фавтидагон ва захмиён хабаре нест»,- навиштааст Telegram-канали RT.

Дар яке аз наворҳое, ки аз тирезаи мошин ба навор гирифта шудааст, дидан мумкин аст, ки об ба рӯи роҳ мерезад ва дарахтон аз шиддати шамол хам мешаванду мошине чаппа шудааст.

Ҳамзамон, дар наворҳое, ки Telegram-канали BAZA нашр кардааст, дида мешавад, ки мошинҳо дар сел ғарқ мешаванд.

Моҳи ноябри соли гузашта ҳам гузориш шуда буд, ки дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ боришоти шадид боиси обхезӣ шуда, амалан кӯчаҳоро зери об монда ва ҳаракати нақлиётро фалаҷ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *