Шикасти «Хуҷанд» аз «Марв»-и Туркманистон

Барандаи медали биринҷии Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC-2023/24 аз дастаи “Марв”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва бо ҳамин ширкати худро дар ин мусобиқаи клубии Осиё ба анҷом расонд.

Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбеи 22-юми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Мурод Яхшиев дар дақиқаи 54-ум ҳисобро боз кард. Ҳимоятгари «Хуҷанд» Парвиз Боқиев, ки дар нимаи дуюми бозӣ ба майдон баромад, дар дақиқаи 79-уми вохӯрӣ ҳисобро баробар кард. Футболбозони туркман дар дақиқаи 114-ум голи дуюм ва ғалабаоварро ба дарвозаи «Хуҷанд» заданд. Мурод Авазмуродов онро ба ҳадаф расонд. Дар натиҷа бо ҳисоби 1:2 «Хуҷанд» дар майдони худ бо шикаст дучор шуд ва ба баромади худ дар Ҷоми AFC-2023/24 хотима дод.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 дар минтақаи марказӣ бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон), «Олтин Асир», «Марв» (ҳарду аз Туркманистон) ва «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *