Ҳавопаймои ҷангии Эрон афтоду се касро кушт

Ҳавопаймои ҷангии F-5 ҳангоми тамрин дар шаҳри Чобаҳор.

Ҳангоми ба замин афтодани як ҳавопаймои ҷангии F-5 дар Эрон ду халабон ва дастикам як сокини оддӣ ҷон бохтанд. Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, ҳавопаймо дар варзишгоҳи мактаб, дар маҳалли аҳонишин суқут кард.

Хабаргузории давлатии ИРНА 21-уми феврал навишт, ки мақомот сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як мақоми маҳаллӣ ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, ҳавопаймо дар маҳаллаи Мунаҷҷими Табрез афтод. Вай гуфт, он замон мактаб ба далели пандемияи коронавирус баста буд.

Эрон ҳавопаймои F-5-ро, ки Амрико сохтааст, пеш аз инқилоби исломии соли 1979 харида буд. Ин кишвар даҳсолаҳо боз зери таҳримҳои Ғарб қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *